ТОЛИБОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА АМНИЯТИ КИШВАР

Толибон табиатан муттаҳидони воқеии хешро дар минтақа дар сарнагун сохтани режими дунявӣ мебинанд. Ба он ҳавасманданд, ки суботи сиёсиро дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ алахусус дар кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон халалдор намояд, зеро ин кишварҳо дар вақташ эътилофи Шимоли Афғонистонро бо сарварии Аҳмадшохи Масъуд дар муборизаи зидди Толибон ёрӣ ва дастгирӣ менамуданд. Ҳамзамон, дар он айём дар хайати Эътилофи Шимол тоҷикону узбекони Афғонистон муттаҳид буданд. Бо терроризм танҳо бо муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳое, ки мехоҳанд қобилияту устувории ин муборизаро доранд, метавон пирӯз гашт. Мубориза бо руйдоди терроризм, аз ҷумла кӯшиши пешгирии ҳамлаву ҳодисоти террористӣ ва хунсо сохтани гуруҳҳои террористӣ алҳол нафъбахш набуда, ин кор си сол боз идома дорад ва терроризм мағлубнопазир боқӣ мондааст. Бояд барои амнияти ҷомеа ва мардум тадбирҳои мушаххасу маҷмуиро роҳандозӣ намуд, ки дар он неруҳои кудратӣ сарфи назар карда шаванд, то сабабҳои пайдоиши ин падида ва мубориза бар зидди он муайян гардад. Вақти он расидааст, ки террористонро дигар ба «хуб» (яъне муборизони роҳи истиқлолият ва озодии заминҳои тасарруфшуда аз ишғолгарон) ва «бад» (яъне онҳое, ки ҳамлаҳои террористиро дар марзи ИМА, Исроил ва мамолики Аврупои Ғарбӣ ба амал меоранд) ҷудо накунем. Терроризм – мушкилот ва бадбахтии ҳамаи мост.

Бояд донист, ки терроризм чеҳраи воқеӣ миллӣ ва динию мазҳабӣ надорад ва ягон ҳадафи он, терроризмро сафед накарда ва ҳеч гоҳ ҳак шуморида наметавонад. Зарур аст муҳлати ҷазоро нисбат ба террористон на танҳо дар Русия, балки дар ҷаҳон вазнинтар сохт. Подоши онҳо ҳабси якумра мебошад.

«Экстремизм» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои луғавиаш майл доштан ва тарафдор будан ба ақидаҳои инфиродии моҷароҷуён мебошад. Дар сиёсат бошад, зери мафҳуми экстремизм кӯшиши бо усулҳои қатъӣ бо истифодаи ҳамаи шаклҳои зуроварӣ ва тарсу таҳлука иҷро намудани амалҳои гаразнок ва расидан ба ҳадафҳои нопок фаҳмида мешавад.

Мақсади асосии экстремизм андохтани кинаву адоват ё низои миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ, паст задани эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибат ба дин, мансубияти онҳо ба миллат, нажод ё маҳал мебошад.

Ҳамзамон, таҷрибаи ҷаҳонӣ шаҳодати он аст, ки терроризм ва экс- тремизм дар он ҷой ва ҳолате пайдо мегарданд, ки ҷомеа гирифтори буҳрони шадид, дар навбати аввал буҳрони ғоявӣ, мафкуравӣ ва низоми давлативу ҳуқуқӣ мебошад. Дар натиҷа, дар чунин ҷомеа гуруҳҳои гуно- гуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва дигарҳо пайдо мешаванд, ки барои онҳо қонуни будани худи ҳокимияти ҳукмрон ва умуман тамоми системаи идоракунии давлат зери шубҳа карор мегирад. Дар сурате, ки ин гуруҳҳо ба хулоса меоянд, ки мақсадҳои онҳо бо роҳи қонунӣ дастрас намегарданд, онҳо барои ноил гардидан ба мақсадҳои хеш ба истифодаи зӯроварӣ, яъне террори рақибони сиёсӣ, пешвоён ва намояндагони онҳо даст мезананд. Дар ин ҳолат мухолифин адолатнокии маънавии куштори дигаронро дар тозагии мақсадҳои худ маънидод менамоянд.

Қаюмов Ф.Ғ.-дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа

You might also like