Пешвои миллат-ҷонибдори сулҳу ваҳдат дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Пешвои миллат дар ҳар як баромадҳои худ таъкид мекунанд, ки яке аз хатархои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла кишвари мо равияҳои радикалӣ,ифротгаро ва хурофотӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат фикру ақидаҳои худро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Милал ва дигар сӯҳбатҳо истода гузаштанд.
Баъдан санаи 22 – юми июли соли 2021 боз муфассалтар ёдовар шуда буданд,ки ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибихтисос ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ ба талаботи замона мутобиқ гардонида шудаанд ва мо ин равандро бо истифода аз тамоми имкониятҳо идома дода истодаем. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи «Ворисони Куруши Кабир», 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ, 5 қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту биноҳои ёрирасон бунёд карда шуд. Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардиданд.
Пешвои миллат изҳор намуданд,ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта,вазъият дар Афғонистон хеле мураккаб гардида,боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.Мардуми Афғонистон без аз 40 соли охир дар шароити хеле вазнин,ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ,бемориҳо ва ба мушкилотҳои гуногун рӯ ба рӯ шудаанд.
Мардуми Афғонистон барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор ,бо таъриху тамаддун ва фарҳанги қадимаи худ ягон гуноҳе надоранд,таъкид карданд, Пешвои миллат.
Он бадбахтиҳое,ки ба сари мардуми Афғонистон омадааст,ин ҳама дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ мебошад,ки онҳо бештар манфиатҳои худро доранд.Ҳукумати Тоҷикистон дар қазияи Афғонистон бетараф нест ва мо ҷонибдорӣ тезтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ,ваҳдат дар ин кишвари ба мо ҳамсоя мебошем ва ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, райъи тамоми мардуми мамлакат,эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуда ва нақши калидии Созмони Миллали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд мебошем.
Пешвои миллат таъкид карданд,ки ҷомеаи ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд,ки мардуми Афғонистонро дар ин лаҳзаҳои вазнину ҳассос танҳо монанд.
Бори дигар таъқид карданд,ки ин вазъи ногувор бо гуноҳи мардуми Афғонистон ба вуҷуд наомадааст ва мардуми Афғонистон гунаҳкор нест.
Пешвои миллат дар баромади худ изҳор намуданд,ки барои чӣ тамоми ниҳодҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи башар мӯҳри хомӯширо гирифта ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ягон ташаббусе нишон намедиҳанд?-хеле ман дар тааҷҷубам!
Агар ин тавр беаҳамияти нисбат ба вазъи имрӯзаи Афғонистон
давом кунад,ин боиси зиёд шудани хушунат,бад шудани вазъи зиндагии он,сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва яке аз маркази терроризми байналмиллалӣ боқи мондани қаламрави ин кишвар мегардад.
Бинобар ин, вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад,зеро амнияти минтақаи Тоҷикистон, дар навбати аввал ,ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста аст.
Пешвои миллат зиёда аз 20 соли охир аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта,таъкид намуда буданд,ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл кард,вале ҷомеаи ҷаҳонӣ,аз ҷумла баъзе доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала як дараҷа бетафовутӣ нишон доданд.
Яъне,дар натиҷа мушкилоти Афғонистон то ҷое расид,ки имрӯз тамоми дунё,махсусан Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи онро ба ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овард.
Бори дигар аз ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ,кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро даъват мекунам,ки доир ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастаҷаъмона андешида шавад,ва кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон дареғ надоранд.
Аз мавқеи расмии Тоҷикистон ТҲТ ҲНИ,Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо хеле дар ташвиш буда,бо найрангҳои рӯбоҳонаи худ мардумро бовар кунониданӣ ҳастанд?
Мардуми шарифи Тоҷикистон бо Пешвои миллат мефахранд ва дастуру супоришҳои Сарвари давлатро бо сарбаландӣ иҷро менамоянд.
Акмалова М.А.-декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ