Мо аз тақдири миллати ҳамзабону бисёразиятдида – афғон бетараф нестем

Халқи шарафманд ва сулҳдӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон шукрона аз он доранд, ки дар фазои оромиву осоиштагӣ умр ба сар мебаранду аз неъматҳои истиқлолият баҳрабар ҳастанд. Дар баробари ин мо аз тақдири миллати ҳамзабону бисёразиятдида – афғон бетараф нестем. Солҳои зиёд аст, ки ин халқи ҷафопеша ба гирдоби ҷанги бародаркуш кашида шуда, мардуми он чи азобу уқубатҳое надида истодаанд. Абардқудратҳои ҷаҳонӣ ба ҷои он, ки ба ин кишвар кӯмак расонанд, баръакс фазои онро боз ҳам нооромтар намуда, нифоқу низоъро барангезонида истодаанд. Пас аз 20 соли мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ИМА вазъи Афғонистон беҳ нашуда, боз ҳам бадтар шуд ва қувваҳои иртиҷоъпарасти Толибон марзу буми ин давлатро ишғол намуда, мардуми оддиро бераҳмона қир намуда истодаанд. Мусаллам аст, ки ин ҳолат моро бетараф гузошта наметавонад! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ин масъалаи доғи рӯзро бардошта, аз тамоми абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва созмону ташкилотҳо даъват ба амал оварда буданд, ки нисбати тақдири Афғонистон бетараф набошанд. Чунки вай ба хатари ҷаҳонӣ ва паҳншавии терроризми байналхалқӣ оварда мерасонад.

Пас аз бароварда шудани қувваҳои ҳарбии ИМА аз хоки Афғонистон ва  ба сари қудрат омадани Толибон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаи Афғонистон аз рӯи принсипи адолату бародарӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо баён намуданд.

Илова бар ин, Пешвои муаззами мо барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам овардани ҳастанд, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳалл гардад.

Боиси қайд аст, ки баъди суқути ҳукумати ҷории Афғонистон Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мардуми тақдири азиятдидаи он бетарафӣ изҳор накард ва аз байни давлатҳои Осиёи Марказӣ яке вз аввалинҳо шуда, барои муҳоҷирони иҷбории афғон ҷойи зисти муваққатӣ муҳайё намуд. Дар ин ҷойҳои зисти муваққати то ҳол оилаҳои бисёри муҳоҷиргаштаи афғон сокин гашта, умр ба сар бурда истодаанд.

Халқи бошарафи тоҷик дастгириву ҳамдилии мардуми афғон, хоса Қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъудро дар солҳои ҷанги бародаркуш дар ҷумҳуриамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Аҳмадшоҳи Масъуд новобаста аз вазъи вазнини худ тамоми кӯшишу ғайрати худро барои сулҳу ваҳдати миллати мо равона карда буд. Табиист, ки мо ҷавобан ба ин ғамхориву дилсӯзии мардуми ҳамҷаворамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин дар ин кишвари азиятдида сулҳу субот маскан гираду мардумаш бо корҳои созандагиву ободкорӣ фаро гирифта шаванд. Тамоми Тоҷикистон ба далериву қаҳрамониҳои ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар дараи Панҷшер офарин хонда, ҳамдилии худро иброз дошта истодаанд. Аммо дар шабакаи интернет, хусусан тариқи сомонаҳои иғвоангез ҳаргуна хабарҳои бадномкунанда доир ба мавқеи Тоҷикистон дар масъалаи Толибону Панҷшер паҳн шуда истодааст.

Мо ба тамоми мардуми башардӯсти дунё хитоб карда мегуем, ки Тоҷикистон тарафдори сулҳу ваҳдат ва ободиву созандагӣ дар Афғонистон аст!

 

Исмоилов Ш.М., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи

технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

You might also like