Таъмини амнияти миллӣ аз хатарҳои муосир

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналхақӣ бо эътимоди қаъвӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ пайваста ширкат меварзад. Тоҷикистон ҳанўз дар ибтидои истиқлолияти худ, ки оқибатҳои мудҳиши ҷанги гражданӣ, терроризм, экстремизмро аз сар гузаронидааст, ҷомеаи ҷаҳониро аз хавфу хатари ин падидаҳои харобиовар ва мудҳиш  қаблан ҳам хабардор карда буд.

Ҳоло Тоҷикистон  яке аз иштирокчиёни фаъоли каолитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ ва ташаббускори рушди фаъолияти каолитсияи байналмилалии муқовимат зидди маводи мухаддир, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва минтақавӣ мебошад. Бинобар ин, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои  баланди Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои бонуфуз диққати ҷаҳониёнро, дар баробари масъалаҳои рушди  минтақа, ба масъалаҳои вазъи Афғонистон, андешидани чораҳои муқовимат зидди терроризм, экстремизм, гардиши маводи мухаддир, таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва масъалаҳои рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон ҷалб намуд, ки минбаъд ба сиёсати бисёр давлатҳо ва кишварҳои ҷаҳон таъсир ва тавқият бахшид.

Муносибатҳои Тоҷикистон ба ҳамаи давлатҳои ҳамсарҳади минтақа ва дигар кишварҳо дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрии тарафайн ба роҳ монда шудаст, ки яке аз самтҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон гардида, марҳила ба марҳила нуфузи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ин гуна ҳамкорӣ аҳамияти худро пайдо кардааст ва натиҷаҳои самарабахш дода истодааст.

Мавқеи боэътимод доштани  кишвари мо ба доираи муайяни бархе аз  кишварҳо маъқул нест. Мавқеи Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки расман гуфтгӯро бо ҳокимияти ТЭТ Толибон оғоз карданд, аз он шаҳодат медиҳад, ки  онҳо бо амалҳои худ  террористонро маҳкум накарда, ҷонибдорӣ мекунанд, барои ба  эътидол овардани ин вазъият  бо ҳама кишварҳои Осиёи Миёна дастаҷамъона кушише накарда, баракс дар минтақаи Осиёи Миёна ба таҳдиди терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир шароит муҳайё карда истодаанд.

Аз ҷониби дигар, даъвоҳои  намояндаи ТЭТ Толибон Абдул Ғани Бародар, ки баҳри ҷанги иттилоотӣ бар зидди давлати мо равона карда шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Толибон Ҳукумати инклюзивӣ таъсис намедиҳанд, онҳо аз ғояҳои хавфнок ва зиддиинсонии худ  даст намекашанд, давлатро  бо ҷангу зуроварӣ, тороҷкорӣ  соҳибӣ  мекунанд.

Лекин Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳоро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси ҳадафу мақсадҳои тарафайн дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Тоҷикистон ба ягон давлати дигар ҳеҷ гуна хусумат ё даъво надорад. Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси Ҳукуматӣ қонунӣ дар Афғонистон аст, ки дар сохтори он намояндагони тамоми гурўҳои этникӣ шомил гарданд. Толибон бо ёрии ДИИШ ва созмонҳои террористӣ бо роҳи ғазби ҳокимият ба сари давлати Афғонистон омада, минбаъд низ дар кишвар ҷангу хунрезиро идома медиҳанд.

Аз ин рў, дар чунин вазъияти ташвишовар, бинобар ғасби ҳокимият аз ҷониби толибон дар Афғонистон, паногоҳ ёфтани мавқеи ДИИШ ва дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ дар ин кишвари ҳамсоя, эҳтимоли амалишавии таҳдидҳоро дар минтақаҳои наздисарҳадии кишвари мо воқеан зиёд мекунад. Бо назардошти ин вазъият, Тоҷикистон  баҳри роҳ надодан ба истифодаи қувваи мусаллаҳона дар муқовиматҳои минтақавӣ, ҳалли баҳсҳо ва ихтилофҳои байни давлатҳои ҳамсоя саъй намуда, ҳамкориро дар ҳалли масъалаҳои аманияти минтақа, вусъат мебахшад. Ғайр аз ин, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳамсоягии бевосита бо кишвари Афғонистон  ҷой гирифта, на танҳо сарҳади давлатии мо, балки аманияти тамоми кишварҳои минтақаро аз таҳдидҳои гуруҳҳои террористӣ ва экстремистии Афғонистон  ҳифз карда истодааст.

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like