Ҳалли масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар Душанбе
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад тавофуқоти зимни сафари расмии Сарвазири Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон ҳосилшуда дар ҳалли масъалаи Панҷшер ба тоҷикони Афғонистон шуълаи умед бахшид. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон» ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон дирӯз зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.
Изҳороти Сарвари давлати Тоҷикистон даррасонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуда, муваффақияти ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили Панҷшер ва тоҷикони Афғонистон арзёбӣ гардид.
Зимни баррасии вазъи имрузаи минтақа қазияи Авѓонистон дар маркази диқат қарор дошт. Вазъи кунунӣ кишвар нигарикунанда арзёбӣ гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар суханҳои худ чунин гуфтаанд, ки “Мо ҳамсоякишварҳои Афғонистон, барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз хама манфиатдорем ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Мо бар онем , ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақави ва байналмилалӣ, хосатан барои кишварҳои ҳамсоя, муҳим мебошад.
Дар ин замина, изҳори умед карда шуд, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳар зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонисон ба эътибор гирифта мешавад. Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштроки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигоар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоҳиста доҳта бошад. Итминон ҳосило гардед, ки суҳу субот дарАфғонистон бо ҳамин роҳ таъмин мегардад.
Аз ҷумла дар рафти музокирот ҷонибҳо имконияти густариши ҳамкориҳои иқтисоди ва тиҷоратиро ки яки аз ҳадафҳои муҳим муштараки ҷонибҳост:
Дар ин раванд нақши фаъолияти комиссияи байниҳукумати оид ба ҳамкориҳои тиҷорати ва иқтисоли ва илмию техники муҳим арзёби гардид. Ҳамзамон зарурати афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва тавқияти ҳамкориҳо дар соҳаи саноат муҳам арзёби гардид. Таъкид карда шуд ки ба ҳамкориҳои шарики дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобали – терорризм, ифротгароӣ, қочоқи маводҳои мухаддир ва ҷинояткори мутташаккили фаромиллӣ идома мебахшад.
Бабаев Х.С. – н.и.и, дотсени
кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ