МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН НИСБАТИ АФҒОНИСТОН ҚАТЪӢ АСТ

Баъди аз қаламрави Ҷумҳурии Афғонистон баровардани қувваҳои мусаллаҳи ИМА ва иттифоқчиёни вай, дар ҳудуди ин кишвар ҳаракати Толибон ба ғасби ҳокимият шурўъ намуд.

Аз рўзҳои аввали фоҷиа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи қатъи оиди ҳолати сиёсати Афғонистон ташаккул гардида, доир ба он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи кишвари моро баён намуда, иброз доштааст, ки дар ҷумҳурии ҳамсоя ҳукумате таъсис дода шавад, ки манфиати тамоми табақаҳо ва қишрҳои ҷомеа инчунин намояндагони ҳамаи ҳалқиятҳои он бояд иштирок намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз бист соли охир аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудаанд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Дар суханронии худ Президенти кишвар дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ибрози андеша намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ҷумла иброз доштанд: «Ман андешаҳои худро доир ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 22-юми июли соли ҷорӣ муфассал баён карда будам. Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид».

Боис ба қайд аст, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад», изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват кардан лозим аст, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.

Солиев И.М. – мудири кафедраи ҳукуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like