Тавофуқоти Тоҷикистон ва Покистон дар ҳалли масъалаи Панҷшер ба тоҷикони Афғонистон шуълаи умед бахшид

Дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои СҲШ, бахусус, барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мазлумияти тоҷикони Афғонистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тоҷикон ва Сарвазири Покистон аз ҷониби паштунҳо, ё Толибон кӯшишҳои заруриро ба харҷ доданд, ки масъалаи Панҷшер тавасути муколама ҳалу фасл гардад. Президенти Тоҷикистон, Раиси ҷумҳури Эрон ва Сарвазири Покистон дар Душанбе ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳалли қазияи Панҷшеру Афғонистон якҷоя кор кунанд. Барои ин шаҳри Душанбе барои ҳалли масъалаи Афғонистон фазои муносиб муҳайё намуда, имконият фароҳам овард, ки масъалаи доғи рӯз дар фурсатҳои камтарин ҳал гардад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки мавқеи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти мамлакат оиди масъалаи Афғонистон аз рӯи принсипи адолату бародарӣ ва эҳтиром гузоштан ба манфиати ҷонибҳо гузошта шуда ва иҷро шуда истодааст. Дар ин самт пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалинҳо шуда, оиди масъалаи доғи Афғонистон аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ баромад кардаанд, то ки ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари сар задани низои ҷадиди дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дода бошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз мавқеи расмии Тоҷикистон гурӯҳҳои мухолифин ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва Кабириву кабирипарастҳо ғашашон омада, фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт беқадр меҳисобанд, ки ин ба ҳақиқат мувофиқ нест. Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба суханҳои ин хоинони миллат ҳаргиз бовар накунем ва ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Мирзоева Д.Д.-дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ

You might also like