Тоҷикистон мизбони чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ

Санаҳои 11-15 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои ҳамоҳангсозии миллии давлатҳои узви созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Бояд иброз намуд, ки маросими мӯҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-солагии таъсиси ин созмон баргузор гардид. Маросими мазкур дар ҳошияи 20-солагии ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва давлатҳои узви СҲШ иштирок намуданд.

Дар Шўро зикр шуд, ки 8 сентябр дар маросими бошукӯҳи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муассисони ин созмони бонуфуз мебошанд, аз ҷумла зикр карданд, ки ин созмон 20 сол пеш барои ҳифзи амнияти кишварҳои минтақа таъсис ёфта буд. Барои таърихӣ будани Шўрои мазкур ва бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 20-солагии СҲШ Ҳукумати мамлакат супориш дода буд, ки  мӯҳр ва нишони ҷашнии ин ҷаласаи бонуфуз омода карда шавад.

Хеле рамзист, ки дар Шўро мӯҳрҳои хотиравӣ дар варақаи хурд чоп шуда, аз 8 марка иборатанд. Ҳар як марка ба кишвари узви СҲШ бахшида шуда, дар он тасвири парчамҳои ин кишварҳо гузошта шудааст. Ҳамчунин дар боло рамзи 20-умин солгарди таъсиси кишварҳои узви СҲШ ҷойгир аст. Дар баробари ин, барои ин ҷашнвора 8 намуд лифофаҳои махсуси солона омода карда шудаанд. Дар болои лифофаҳо ҷойҳои таърихии ин давлатҳо тасвир шудаанд.

Дар саммити СҲШ якчанд ташаббусҳои анъанавӣ муаррифӣ шуданд, ки яке аз онҳо қабули суруди СҲШ баҳисоб меравад. Интизор меравад, ки суруди СҲШ 17 сентябр пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар ҳузури ҳайати роҳбарони давлатҳои узв.

Бояд ёдовар шавем, ки 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20 солагии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, баргузор мешавад.

Дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе  Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд. Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

Дар назар дошта мешавад, ки дар ҷараёни саммити ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд. Инчунин сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Муҳимияти натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе дар он ифода меёбад, ки сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул хоҳанд кард.

Инчунин дар саммит дар назар дошта мешавад, ки сарони давлатҳои узв дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарори зарурӣ қабул менамоянд. Ҳаминтавр тақрибан дар самити мазкур дар назар аст, ки бештар аз сӣ қарор қабул карда шаванд

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ бояд суруди Созмон садо диҳад.

Ҳамин тавр Шуро ва саммити СҲШ, ки дар шаҳри Душанбе аз 11-17 сентябр баргузор гардид дар таърихи ҳозира ва ояндаи давлатҳои аъзо нақши калидиро бозид. 

Тўхтаев Т.М. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ

You might also like