Ҳалли қазияи Панҷшер дар Тоҷикистон
Дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои СҲШ дари шаҳри Душанбе ба масъалаҳои таҳкими амнияти минтақавӣ ва муқовимат ба чолишҳову таҳдидҳо дар фазои СҲШ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд. Барномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизмро барои се соли оянда (2022-2024) тасдиқ гардид. Масъалаи таҳдиди маводи мухаддир ҷои муҳимро ишғол кард. Дар робита ба ин, нақшаи кориро оид ба татбиқи Стратегияи зидди маводи мухаддири СҲШ қабул гашт.
Масъалаи Афғонистон мавзӯи калидии ҷаласаро ташкил медод.
Кишварҳои узв ҳавасмандии муштараки худро барои ба як кишвари босубот,озод аз террор, ҷанг, маводи мухаддир ва фақр табдил ёфтани Афғонистон изҳордоштанд. Шарти асосии табдил додани кишвари ҳамсоя ба давлати орому босубот-ин таъсиси ҳукумати фарогир аст, ки тамоми ҷанбаи этникӣ-сиёсии ҷомеаро инъикос намояд.
Мавқеи Тоҷикистон вобаста ба масъалаи Афғонистон ин аст, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад. Агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳама самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳама давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД бошем.
Зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад. Дар ҷараёни мулоқот сарони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд.
Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад.
Дар ин зимн, изҳори умед менамоем, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем.
Ҳамзамон таъкид бар он дорем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Дар интиҳо итминон ҳосил гардид, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад.
Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ