Эмомалӣ Раҳмон: ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад
Соли 2021 аз ҳар лиҳоз барои мардуми мо соли таърихиву хотирмон аст. Зеро имсол дар баробари Ҷашни бузурги миллӣ – си солагии истиқлоли давлатӣ кишвари мо мизбони ду чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ – ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Соли ҷорӣ давлатҳои аъзои СҲШ 20-солагии таъсисёбии ин созмони бонуфузи сатҳи минтақавиро дар сатҳи хеле баланд таҷлил менамоянд. Хурсандиовар он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ин соли ҷашнӣ раёсати СҲШ-ро дар ӯҳда дорад ва санаҳои 16 ва 17-уми моҳи ҷорӣ ҷаласаҳои сатҳи болоии он бо иштироки сарварони давлатҳо-аъзо ва мушоҳидон доир гардида истодааст.
Воқеан, рост омадани раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба давраи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии ин созмони муътабар басо рамзист. Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз муассис ва аъзои фаъоли СҲШ ин навбат низ давраи раёсати худро дар созмон бо ибтикороти бисёр муҳиму навоварона ба анҷом мерасонад. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар чандин чорабиниҳое, ки аллакай, таҳти раёсати кишвари мо баргузор шуданд, дида метавонем.
Тавре аз ВАО бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ барномаи фарогиреро бо беш аз 100 чорабинӣ рӯйи даст гирифтааст, ки бештари онҳо амалӣ ва доир гардиданд. Маҷмуи ин чорабиниву ташаббусҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт, туризм, ҳифзи муҳити зист, пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки Созмони ҳамкории Шанхай давоми бист соли фаъолият ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, зеро он пайваста дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ дар ҷараён аст. Борҳо шоҳид гардидем, ки дар ҳар як саммити сарварони давлатҳои созмон барои мубориза ва ҳалли хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла ифротгароии хушунатомез, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ қарорҳои вижа қабул гардиданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш таҳти унвони «20 соли СҲШ: Ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» оиди масъалаҳои мубрами рӯз чунин таъкид кардаанд: «Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд. Дар мақоли халқӣ омадааст, ки дӯстон дар рӯзҳои душвор шинохта мешаванд. Дар шароити душвортарини паҳншавии пандемияи COVID – 19 кишварҳои узви СҲШ ҳамбастагии худро зоҳир намуда, дар бисёр масъалаҳои мушкилзо якдигарро дастгирӣ карданд. Ҷаҳон бори дигар итминон ҳосил кард, ки давлатҳои узви созмон ба арзишҳо ва усули «Руҳи Шанхай» содиқанд».
Дарвоқеъ, Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти созмон таваҷҷӯҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти муштарак ва самарабахши ҳамаи давлатҳои аъзо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аксари коршинос инро таъкид кардаанд.
Бо итминони комил метавон қайд кард, ки давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷашни 20-солагии таъсисёбии он саҳифаи навро дар таърихи ин созмон мекушояд. Саммити Душанбегии СҲШ дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшида, қарорҳое, ки давлатҳои аъзо қабул мекунанд, барои таъмини сулҳу субот дар ҷуғрофиёи созмон, таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳо нақши муассир хоҳанд гузошт.
Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ