Толибон – хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ
Таваре маълум аст, ки дар натиҷаи ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз тарафи ташилоти террористии Толибон вазъияти сиёсӣ дар ин сарзамин тезутунд гардид ба давлатҳои ҳамсоя хатар ба вуҷуд омад.
Бояд ғайд кард, ки Толибон дар мамалакат сохти сиёсии идоракунии давлатро тағйир дода, аморати исломиро ташкил доданд чунин амали Толибон боиси норозогии ҷомеаи ҷаҳонӣ, гардида онро маҳкум мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ оиди ҳал намудани ғазияи Афғонистон муроҷиат намуда буд.
Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи беаҳмияти ва бепарвогии давлатҳои абрқудрат ва созмонҳои бонуфуз гурўҳи террористӣ Толибон табадулоти давлатӣ ташкил намуда бо роҳи ғайриқонунӣ ҳокимиятро ғасб намуда ҳуқуқи инсонро поймол намуданд. Дар воқеъ муносибати дугонаи давлатҳои абарғудрат ва созмонҳои байналмиллалӣ барои ба ҳокимият омадани толибон гардид.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон бори дигар қайд кард, ки Тоҷикистон табадуллоти Толибонро эътироф намекунад ва онро ғайриқонунӣ ҳисобида бори дигар ба давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои ҷаҳони муосир муроҷиат намуд, ки нисбати чунин вазъият дар Афғонистон бетараф набошанд, ки он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари калон ҳоҳад овард.
Бояд Созмони Милали Мутаҳҳид ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ бо иштироки давлатҳои абарғудрат барои ҳалли ғазияи Афғонистон фавран чораи судманд андешида, барои барқарор кардани қонуният, адолат ва ҳимояи ҳуқуқи инсон мусоидат намоянд, ки он ҷавобгўи раванди сиёсии ҷаҳон хоҳад гардид, чунин муносибат барои бартараф намудани хатари террористӣ ва таъмин намудани амният дар минтақаи Осиё хоҳад гардид.
Одинаев А. – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ