ҲАҚ БАР ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Пешвои миллат  дар ҳар   як баромадҳои худ таъкид  мекунанд, ки яке аз хатархои  асосӣ  барои имрӯзу ояндаи  минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла  кишвари мо равияҳои радикалӣ, ифротгаро ва хурофотӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин сабаб,  мо барои таъмин намудани  амнияти минтақа  ва оромиву суботи сиёсӣ  дар кишварҳоямон,бояд  андешидани тадбирҳои  муштарак ва   ҳамоҳангшударо дар ин  самт ҷоннок намоем.

Имруз Тоҷикистон  то 179 давлати дунё  муносибатхои  дипломатӣ дорад  ва бо  талошҳои  муассири  худ   дар  арсаи  байналмиллалӣ  ҳамчун  кишвари  фаъолу  ташаббускор  ном баровардааст.

 Тоҷикистон  бо такя ба  таҷрибаи сулҳофарини  худ  аз роҳи  музокирот  ва машваратҳо дар ҳалли   низоъҳои  байналмиллалӣ  хеле  фаъолона  саҳм  мегузорад.

Бинобар ин,Тоҷикистон  бо густариши   робитаҳои  ҳамаҷониба  бо   ҳамсояҳои  наздик,яъне кишварҳои  минтақаҳои  Осиёи Марказӣ  ва  шарикони  стратегии худ аҳмияти  якумдараҷа медиҳад ва дода истодааст.

Тоҷикистон имрӯз дар арсаи  байналмиллалӣ  ба ҳамчун  кишвари  сулҳдусту сулҳофар ,пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст,ки инро ҳама медонад.

Пешвои миллат фикру ақидаҳои худро ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон борҳо аз минбарҳои баланди Созмони Милал ва дигар сӯҳбатҳо истода гузаштанд.

Баъдан санаи 22 – юми июли соли 2021 боз муфассалтар ёдовар шуда буданд.

Пешвои миллат изҳор намуданд,ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта,вазъият дар Афғонистон хеле мураккаб гардида,боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.Мардуми Афғонистон без аз 40 соли охир дар шароити хеле вазнин,ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ,бемориҳо ва ба мушкилотҳои гуногун рӯ ба рӯ шудаанд.

Мардуми Афғонистон барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор ,бо таъриху тамаддун ва фарҳанги қадимаи худ ягон гуноҳе надоранд,таъкид карданд, Пешвои миллат.

Он бадбахтиҳое,ки ба сари мардуми Афғонистон омадааст,ин ҳама дар натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ мебошад,ки онҳо бештар манфиатҳои худро доранд.Ҳукумати Тоҷикистон дар қазияи Афғонистон бетараф нест ва мо ҷонибдорӣ тезтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ,ваҳдат дар ин кишвари ба мо ҳамсоя мебошем ва ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, райъи тамоми мардуми мамлакат,эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуда ва нақши калидии Созмони Миллали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд мебошем.

Пешвои миллат таъкид карданд,ки ҷомеаи ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд,ки мардуми Афғонистонро дар ин лаҳзаҳои вазнину ҳассос танҳо монанд.

Бори дигар таъқид карданд,ки ин вазъи ногувор бо гуноҳи мардуми Афғонистон ба вуҷуд наомадааст ва мардуми Афғонистон гунаҳкор нест.

Пешвои миллат дар баромади худ изҳор намуданд,ки барои чӣ тамоми ниҳодҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи башар мӯҳри хомӯширо гирифта ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ягон ташаббусе нишон намедиҳанд?-хеле ман дар тааҷҷубам!

Агар ин тавр беаҳамияти нисбат ба вазъи имрӯзаи Афғонистон

давом кунад,ин боиси зиёд шудани хушунат,бад шудани вазъи зиндагии он,сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва яке аз маркази терроризми байналмиллалӣ боқи мондани қаламраҷи ин кишвар мегардад.

Бинобар ин, вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад,зеро амнияти минтақаи Тоҷикистон, дар навбати аввал ,ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста аст.

Пешвои миллат зиёда аз 20 соли охир аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ ва дигар  ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта,таъкид намуда буданд,ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл кард,вале ҷомеаи ҷаҳонӣ,аз ҷумла баъзе доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала як дараҷа бетафовутӣ нишон доданд.

Яъне,дар натиҷа мушкилоти Афғонистон  то ҷое расид,ки имрӯз тамоми дунё,махсусан Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи онро ба ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овард.

Бори дигар аз ҳамаи созмонҳои байналмиллалӣ,кишварҳои минтақа  ва ҷаҳонро даъват мекунам,ки доир ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастаҷаъмона андешида шавад,ва кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон дареғ надоранд.

Нурмаҳмадов Ю.Ш.  – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like