Воқеъияти Афғонистон ташвишовар аст  

Тавре аз расонаҳои расмӣ маълум гардида истодааст дар Афғонистон воқеъиятҳои ташвишовар шуда истодааст, ки аз тарафи террористони бо номи Толибон бо як сабукӣ соҳиби давлат гардида онро ҳамчун давлати исломӣ эълон кардаанд. Дар баробари ин низ бо роҳи маҷбурӣ мардуми такҷояи афғонро ба маҳкама гирифтор намуда ва занҳоро аз кор берун намуда истодаанд.

Дар асл мардуми такҷояи афғон аз амалҳои террористон норозӣ буда арзу шикояти хешро бо роҳи митингҳо баён намуда истодаанд, лекин ба он ягон диққат дода нашуда истодааст. Дар баробари ин, мутаасифона давлатҳои хориҷа ба амалҳои руҳдодашудаистода ягон чораҳо ва то ҳатто норозигиҳои худро баён накарда истодаанд, ки чунин ҳолат ташвишовар мебошад.

Аз ҳолати баргузоргардидаи Афғонистон ташкилотҳои террористӣ ва дигар ифротгарон кўшиш менамоянд, ки чунин ҳолатро дар дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷорӣ намоянд.

Вобаста ба ин мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони мамлакат оиди қазияи Афғонистон манфӣ буда, амалҳои террористоро маҳкум медоранд.

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ аз аввали ба амал омадани вазияти ногувор дар қаламрави Афғонистон ҷомеаи ҷаҳонирпо хушдор намуд, ки дар оянда ин минтақа лонаи террорристон мешавад.

Беҳуда нест, ки аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани мавқеъи мардум оиди амалҳои ношоистаи ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ва роҳбарони онҳоро дар ҳаргуна расонаҳои расмӣ ва тариқи ахбори омма маҳкум медоранд.

Мутаасифона, аз тарафи шахсони иғвоангузу фиребгарон нисбати мавқеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаргуна расонаҳо ҳаргуна хабарҳои бадномкунанда дар масъалаи Толибону Панҷшер паҳн намуда муносибатҳои дутарафаро вазнин кардани мпехоҳанд.

Дар ин асос, чунин хулоса намудан мумкин аст, ки мардуми тоҷик оиди масъалаи мазкур бетараф набуда балки амалҳои ношоистаи Толибон ва амсоли онҳоро маҳкум дошта намехоҳанд, ки чунин ҳолатҳо дар дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ такрор ёбад.

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани

факултети баҳсиобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like