Нигаронии Кабирӣ аз мавқеи созандаи Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки сабаби асоси ҷанги беш аз 40-солаи Афғонистон, дахолати кишварҳои бегона аст ва имрӯз ҳам ин кор идома дорад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ мушкили Афғонистонро пеш гузоштааст, вале иқдоме аз тарафи созмон ва давлаҳои ҷаҳонӣ гирифта нашудааст ва аз бӯҳрони ин давлати ҳамсоя пешгирӣ нагаштааст. Ҳамзамон дар ин сӯҳбат бори дигар таъкид кард, ки дар Афғонистон ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин равандро мехоҳад.
Эмомлӣ Раҳмон дар идомаи сӯҳбаташ вобаста ба вазъи ногуфвори Афғонистон гуфт, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон гуноҳ надоранд, ва дар ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвар омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷиро калидӣ донист. Аммо дар айни ҳол ӯ аз кишварҳои хориҷӣ талаб кард, ки дар чунин вазъ мардуми Афғонистонро танҳо нагузоранд. Президенти мамлакат чунин таъкид намуданд: “Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд”.
Дар идомаи сӯҳбат Сарвари давлат зикр намуданд, ки ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд.
Гурӯҳҳои мухолифин айни ҳол аз хориҷи мамлакат қарор гирифта, мавқеи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди тӯҳмату нуқсон қарор дода истодаанд. Кабирӣ мехоҳад ранги ТЭТ Толибон ба сари қудрат ояд.
Хоҷаева М.И. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ