ТЭТ ҲНИ ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид!

Садорат ва аҳли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон афкору ақидаҳои иртиҷопараст ва разилонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирию дигар ҳаммаслаконашро қатъиян маҳкум менамоем.

Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то қатъ гардидани фаъолияти ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои хурраму сарсабз гардонидани ватани азизамон заррае ҳам саҳми худро нагузоштааст, ки инро таърих дарҳодисаҳои худ исбот кардааст.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ,  миллатгароӣ,  хусумат,  бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд,  манъ аст.

Дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, аниқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок надоранд.

Дар ҳошияи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд  ва  28 сентябри  соли 1999 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.

Ба ҳамаи ин амалҳои хайрхоҳонаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, роҳбарон ва пайравони ин ташкилоти террорестӣ- экстремистӣ, ки зери ниқоби иртиҷоӣ худро ҳамчун ҲНИ муаррифӣ мекарданд боз ақидаву ғояҳои нопоки худро идома дода, халқи азияткашида ва ҷанги шаҳрвандиро пасисаркадаи миллати тоҷикро бо роҳи андохтани фитна хостанд бо роҳи барангехтани кинаву низоъҳо ба доми фиреб кашанд.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзоёни ин ташкилоти террористӣ- экстремистӣ,  ки дар давлатҳои хориҷи кишвар  қарор доранд бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд вазъияти ороми кишвари азизамонро халадор намуда, бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардуми миллати тоҷик низоъҳоро ба миён оранд.

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар 5 соли охири фаъолият 45 нафар аъзои ҲНИ ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд. 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар тӯли солҳои сипаригашта таърих гувоҳ аст, ки ин ташкилоти террорестӣ ба миллати тоҷик танҳо бадбахтии овардааст, ки он ифодаи худро дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнини муқобили сохтори конститутсионӣ, бо роҳи зӯровари ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ, содир намудани ҷиноятҳои одамкушӣ бар муқобили ходимон ва арбобни давлатӣ, олимони барҷаста ёфтааст.

Лекин онҳо ба мақсади нопок ва иртиҷоёнаи худ намерасанд, зеро миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ амалҳои ҷинояткоронаи ҲНИ-ро, ки сабаби асосии ҷанги бародаркуш дар соли 1992 шуда буд фаромӯш намекунад.

Маҳз  роҳбарон, аъзоён ва тарафдорони ин ташкилоти террорестӣ ва экстремистии ҲНИ ба даст силоҳ гирифта, ба сӯи халқи меҳнаткашу заҳматкаши худ оташ кушоданд.

Ҳар як оилаи тоҷик дар ин ҷанги бардаркуш  падар, модар, бародар,  хоҳар ва фарзанди ҷигарбанди худро аз даст додааст.

Мо, аҳли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ баҳри мубориза бар зидди ғояҳои ифротгаронаи ҲНИ сарҷамъ омада, бар зидди кирдорҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравони ӯ муборизаи беамон бурда дар ҳимояи марзу буми давлати худ ва амнияту сулҳу суботи кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем.

 Садорат ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

You might also like