Чанд андеша оид ба масъалаи амали ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳама давру замон, ҳадафи асосии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ин барпо сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки тӯли си сол дар ин раванд қарор дорад бе ягон шубҳа ба комёбихои назаррасе соҳиб гардид, ки таърих гувоҳи он аст. Ҳамзамон, ногуфта намонем, ки дар ин маврид барои ба ин ҳадаф расидани Чумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолият намудани иттиҳодияхои ҷамъиятӣ мақоми назаррасро ишғол менамоянд ва яке аз унсурҳои асосии дар амал татбиқ намудани он ба шумор хоҳанд рафт.
Лозим ба қайд аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои расидан ба ҳадафи асосии барпо сохтани ҷомеаи демократӣ таъсис ва фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ қонунан мустаҳкам карда шудааст, аммо боиси таассуф аст, ки ин меъёр на ҳамеша ба таври бояду шояд аз ҷониби бархе аз ин гуна иттиҳодияҳо қабул шуда истоддаст. Ба ҳамаи мо маълум ва равшан аст, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ Шўравӣ ягона давлатест, ки дар ҳудуди худ таъсис ва фаъолият намудани ҳизби наҳсати исломро расман иҷозат дода буд. Аз ин хотир, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 1999 бо мақсади минбаъд дастгирӣ намудани ҷомеаи муосир ва ба миён овардани мусолиҳа байни нерўҳои гуногун ҳизби дорои хусусияти динӣ дошта, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба қайд гирифта буд.
Хуб ин ҷо саволе ба миён омада метавонад, ки дар давоми фаъолият доштани ин ҳизб кадом пешравиҳо дар самт дунявӣ гардонидани ҷомеа дида шуданд? Магар ягон амали хайриявии он оё ба қайд гирифта шудааст? Оё метавонем гуфт, ки ин Ҳизб барои минбаъд шомил гардидани ҷавонони кишвар ба ҷанҷолҳои сиёсии байналмиллалӣ мусоидат накард? Оё метавонем бигўем, ки ҳодисаҳои моҳи сентабри соли 2015 аз кирдорҳои пасти роҳбарияти он далолат намедиҳад.
Бале,бе ягон шубҳа бояд иброз намуд, ки чанд тан аз ноқисулақлҳо, ки номи дини мубини исломро вайрон намуданд даст ба чунин бедодиҳо заданд, ки оқибат аз дасти адолат онҳо ба хок яксон гардиданд. Ростӣ камина чанде қабл тавассути расонаи хабарии донишгоҳ бо андешаҳои устоди донишгоҳ Тоатов Ҳ. С., (дар мавзўи моҳияти ихвонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) ошно гардида, дар радифи гуфтаҳои он кас ҳамеша ҷонибдорӣ он ҳастам, ки дар Тоҷикистон фаъолияти ин гуна ҳизбҳо ҳеҷ гоҳ бояд роҳ дода нашаванд, зеро дар замонае, ки кишвари таърихии мо роҳи дуруст ва беҳтарини барпо намудани ҷомеаи шаҳрвандиро пеша кардааст Ҳукумати кишвар мўҳтоҷи андеша ва таклифҳои таҳқиромези беруна нест.
Санавваров Ғ. – мудири кафедраи, ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ