Оё ТЭТ ҲНИ ҳоло ҳам ба сиёсати Тоҷикистон дахолат дорад?

Дар ҷумҳурӣ байни  ҳизбҳои сиёсӣ  Ҳизби наҳзати исломӣ ягона ҳизбе буд, ки  аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид шуда буд.  Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва сабаби ноустуворӣ гардида, фано хўрд.

Дар фаъолияти ҲНИ терроризми сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ ва ҷиноӣ равшан зоҳир мегардид.

Имрӯзҳо, қисме аз роҳбарони ин ҳизби мамнӯъ дар мисоли роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ берун аз Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ва бо истифода аз ҳар гуна бўҳтон ва танқидҳои беасос ба воситаи нашрия ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз худ дарак медиҳанд. Бо ин кирдорашон мехоҳанд фазои орому осудаи кишварамонро аз нав халалдор созанд. Вале онҳо ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи ин ҳизб дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва минбаъд дар замони сулҳу оромӣ воқиф мебошанд. Дар симои он ҳизби иртиҷоӣ – динӣ ва экстремистию террористиро мебинанд, ки мехост бо истифода аз иғво ва дигар амалҳои таҳрибкоронаи хеш ба ҳадафҳои сиёсӣ даст ёбад.

Боварӣ дорем, ки халқи тоҷик ба мақсадҳои ғаразноки қотилон ва роҳбарони ҲНИ ҷаҳонбинии устувори сиёсии худро муқобил гузошта, дар пуштибонӣ аз сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавқеъи қавии худро нишон медиҳад.

Бо гузашти вақт таърих ҳама бозиҳои сиёсии пасипардагии Ҳизби наҳзати исломро бо роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳоҷи Ҳалим Назарзодаро ба мардуми кишвар ошкор намуд. Ин амалҳои ноҷавонмардонаи бадхоҳони миллати тоҷик бори дигар ба халқу ватан ва ҷаҳониён исбот намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона, созандаро пеша гирифта, онро дар амал татбиқ намуда истодааст.

Тавассути воситаҳои ахбори умуми гуногун ва шабакаҳои интернет паҳн намудан даъвои чунин одамон  аз қабили гурезагон ва аъзоёни фирории ҲНИдар бораи ватандӯстиву ватанхоҳии онҳо дурӯғ, фиребгарии маҳз аст, зеро чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳаби худро барои пулу сарват фурӯхтаанд.

Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдуд кардани озодии тоҷик аст. ҲНИ дини Исломро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапўш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркуш даъват мекарданд. Варақаҳои ҳизбӣ, ки дар амалиёти кофтуковӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар утоқҳои кории ҲНИ дарёфт карда шуда буданд, шаҳодати зидди давлатӣ доштани ин ҳизбро муайян кард.

Аз ин лиҳоз, тамоми баромадҳои Кабирӣ, М.Садриддин, Ҳ.Ашуров, Ш.Муҳаммад давоми ин амалҳои зишти ҲНИ аст. Гарчанде онҳо номи ҳизби худро иваз карда бошанд ҳам мақсади онҳо иваз нашудааст.

 Маматқулов Ҷ. – муовни декан оид ба корҳои тарбияи факултети Сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like