ТАЪСИРИ МАНФИИ ТЭТ ҲНИ БА ҶАВОНОН

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳое, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ин шомилшавии љавонон ба ҳизбу њаракатњое, ки бо номи «Ислом» ҷой гирифтааст ва паҳншавии босуръати терроризму экстремизм ва зиёдшавии гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки ТЭТ ҲНИ низ аз қабили чунин ҳизбҳо ба шумор меравад.

Тавассути воситаҳои ахбори умум ва шабакаҳои интернети паҳн намудан даъвои чунин одамон аз қабили гурезагон ва аъзоёни фирории ТЭТ ҲНИ дар бораи ватандӯстиву ватанхоҳии онҳо дурӯғ, фиребгарї аст, зеро чунин афрод кайҳо Ватану миллат ва мазҳаби худро барои пулу сарват фурӯхтаанд.

Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдуд кардани озодии тоҷик аст. ТЭТ ҲНИ дини Исломро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапўш карда, миллати тоҷик ва хусусан љавононро ба ҷанги бародаркуш даъват мекарданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Дар шароити ҷаҳоншави душвор гардидани муносибатҳои байналмилалї, сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Миллате, ки насли ҷавонаш дар гирдоби ҷурму табоҳӣ дасту по мезанад, бешак кулли орзуҳояш ба боди фано хоҳанд рафт.

Бинобар ин, ҳар фарди соҳибҳуќуќи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҷавонон вазифадоранд, ки маърифати худро баланд бардоранд, то фирефтаи ҳар гуна гурўҳҳо, ва ифротсозии равандҳои динӣ- идеологӣ, ҳадафҳои аслии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ нагашта, барои сиёсисозии мафкура ва шуури динии ҷомеа ҳиссагузор бошанд.

Мо љавонон бояд ҷонибдори ободию созандагӣ, таъмини ҳаёти бофароғату осуда бошем ва дар фикри имрӯзу ояндаи миллату ватан буда, баҳри осудагиву ободии диёри азизамон саъйю талош намоем, на ба шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ.

Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like