АЗ ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ТЭТ ҲНИ  

ТЭТ ҲНИ -ҳизби сиёсӣ ва оппозитсионии Тоҷикистон буд, ки расман дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебурд.

Асосгузори ҳизби мазкур Саид Абдулло Нурӣ буда, яке аз тарафдорони ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти пинҳонии худро аз соли 1973 оғоз намуда, ташкилоти исломии ҷавононро таҳти унвони «Наҳзати Исломӣ» ташкил намуда буд, ки он дар ҳудуди давлати Шӯравӣ ғайрирасмӣ фаъолият мебурд.

Санаи 26 октябри соли 1991 дар қасри «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе аввалин анҷумани ҳизб баргузор гардид, ки роҳбари ҳизби мазкур Муҳҳамадшариф Ҳиммадзода интихоб гардид.

Ҳадаф ва принсипи асосии ҳизби мазкур «Ислом» эълон гардида, вазифаҳои асосии он гӯё ташкили «Давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ» ба шумор мерафт.

Соли 1991 ҲНИ дар Осиёи Марказӣ ягона ҳизби исломӣ буд, ки расман ба қайд гирифта шуда, аъзоёни он дар интихоботи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон бе мамоният ширкат меварзиданд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) дар Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ дар ҳамбастагӣ бо гурӯҳҳои мухолифин бар зиддӣ фронти халқӣ, ки ҷонибдори Ҳукумати Конститутсионӣ буд, муборизаи шадид мебурд.

Моҳи ноябри соли 1992 баъди шикасти қувваҳои мухолифини ТЭТҲНИ пешвоёни он ба хориҷа фирор намуданд.

Солҳои 1993-2006 ҳизби мазкурро Саид Абдуллои Нурӣ роҳбари намуда, ӯ ҳамон солҳо яке аз сиёсатмадорони бонуфузи тоҷик ва пешвои динӣ ба шумор мерафт. Баъди вафоти Саид Абдуллои Нурӣ соли 2006 пешвои ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ интихоб гардид.

ҲНИ соли 2005 дар интихобот ба парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида ду мандати депутатиро соҳиб гашт. Соли 2010 дар интихоботи навбати ба парлумон ҲНИ 8,2% овозҳоро соҳиб гаршта ду ҷой дар маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард.

Соли 2011 дар анҷумани навбатии 9-уми ҳизб раиси ҳизб М.Кабирӣ интихоб гардид.

Дар интихоботи парлумони моҳи марти соли 2015 ҲНИ натавонист, ки соҳиби 5% овозҳоро соҳиб гашта роҳхат барои иштирок дар интихобот пайдо намояд.

Санаи 28.08.2015 вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти ҲНИ талаб намуд, ки фаъолияти ҳизбро қатъ намоянд. Зеро ячейкаҳои он дар аксар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намуданд.

Роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ баъди интихоботи парлумони моҳи марти 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намуд.

17 сентябри соли 2015 прократураи генералии ҶТ дастгир шудани 13 аъзоён ва роҳбарияти ҲНИТ-ро тасдиқ намуд, ки дар содир намудани якчанд ҷиноятҳо гумонбар шуданд. Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгардидаи прокуратураи генералӣ Назарзода таҳти супориши роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ бист гурӯҳҳои яроқнокро бо мақсади муташанниҷ намудани ҳаёти осудаи кишвари тоҷик ҷамъ намуд.

 

Ҳусайнов М.С. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ                            

You might also like