ТЭТ ҲНИ – ХАТАРАФЗО БА АМНИЯТИ КИШВАР
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаро ишғол намуда, дар раванди таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ амалӣ намудани ғояҳои демократиро меҳвари асосӣ мешуморад. Дар ин раванд, амал кардани ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун яке аз зуҳуроти ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар ҳисобида мешавад, ки миёни онҳо Ҳизби наҳзати исломи аз нигоҳи ҷойгоҳу эътибор дар ҷомеа пас аз Ҳизби халқии демократӣ дар кишвар дар мақоми дуюм қарор дошт.
Аз вазъгирии аъзоёни ҲНИ тайи чанд соли охир танҳо ба як хулосае омадан мумкин аст, ки мутаассифона, фаъолияти ҳизб ҳамчун як ташкилоти ифодакунандаи ормонҳои халқи азияткашида пас аз ҷанги бародаркуш на баҳри пешравиҳои ояндаи Тоҷикистон, балки танҳо омадан ба сари ҳокимият ва ташкили давлати исломӣ равона карда шуда буд. Таъмин накардани иҷрои рисолати худро аз ҷониби ҳизби мазкур танҳо далели доғ овардан ба номи мубораки ислом маънидод кардан мумкин аст. Зеро ҷавҳари дини ислом ахлоқи ҳамида буда, ҳикмати он покиву адолатпарастиро талқин мекунад. Ин аст, ки дини мубини ислом дини ҷаҳонӣ буда, аз лиҳози шумораи ихлосмандонаш дар дунё ҷои дуюмро ишғол мекунад. Таълимоти дини ислом инсонҳоро ба роҳи рост, покӣ ва некиву накўкорӣ ҳидоят менамояд. Ин ҷо, байтҳои Муҳаммад Иқбол пеши назар меоянд, ки фармудааст.
Гар ту мехоҳӣ мусулмон зистан,
Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан.
Пас модоме, ки дар давлати демократии Тоҷикистон имрўзҳо нисбат ба мардуми мусулмон ягон монеае пеш оварда нашудааст, ислом ба мавҷуд будани ҳизби сиёсӣ ниёз надорад.
Дар ин асос, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи, махсусан, даст доштани он ба фаъолияти ғайриқонунӣ, тафриқандозии пайравони ин ҳизб байни мардуми кишварро ба назар гирем, зарурате надорад.
ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғоз то анҷоми фаъолияаш ягон барномаи мушаххасе барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар пешниҳод накардааст. Боиси таассуф аст, ки аъзоёни ин ҳизби сиёсӣ оддитарин мушкилоти дар ҷомеа ба миён омадаро баҳона карда, халкро ба сўи ноумедии оянда ва хатари аз нав ба вуқўъ пайвастани ҷанги бародаркуш тарғиб менамоянд ва бо ин васила, ба сулҳу суботи кишвар, ваҳдату ягонагӣ – неъматҳои беҳтарини халқи осоишта таъсири манфӣ мерасонанд.
Дар ин замина, дуруст аст, ки иродаи сиёсии мардуми тоҷик фаъолияти чунин ҳизбро қатъиян манъ мекунад. Бино бар, факту далелҳои раднопазир фаъолияти ҲНИ- ро фоҷиа барои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ намудан мумкин аст. Зеро дар ҳақиқат Ҳизби наҳзати ислом аз оғози таъсисёбӣ то анҷомёбиаш фаъолияти ҳизбии худро дорои хусусияти сиёсӣ, иғвоангезона ва манфиатҷўёна амалӣ намуда, кўшиш ба харҷ доданд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ барҳам зананд, ки ин амалҳои онон ҳамчун хоинони давлат бахшиданӣ нест.
Бинобар ин, мардуми меҳнатқарину фарҳангсолори кишвари мо дасисаву иғвоангезии ҳизбе, ки доғи ҷомеа бошад, намепазирад ва дар пайравӣ ба такягоҳ ва роҳнамои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мурувату осоиштагиро қабул медонад.
Салимова М.М – мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ