Ба ҲНИ кайҳо алвидоъ гуфта будем-ку!
Ҳар давлати муқтадир аз рўи конститутсияву низоми қонунгузориаш ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки ҳизбу ҳаракатҳои пешбарандаи ба манфиатҳои мардум бархўрандаро дар дохили худ тавассути ойинномаашон ба қайд гирифта, фаъолияти минбаъдаашро таҳти назорати хеш қарор диҳад.
Воқеан, мақсаду мароми чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳиссагузорӣ намудан ба рушду нумўи давлату ҷамъият аст ва чунин рисолати нафърасониашон боис мегардад, ки шахсони пешқадами ҷомеа ба онҳо шомил гардида, барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои наҷибонаашон софдилона заҳмат кашанд.
Мавриди тазаккур аст, ки бисёрҳизбӣ дар раванди ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ мусоидат менамояд. Аз шумори ҳизбҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайд гирифташуда, ҳизбҳои ҲХДТ ва аграрӣ ниҳоят пешрав буда, дар созандагиву ободкорӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми назаррас доранд ва арзандатарин узви ин ҳизбҳо дар парлумони кишвар барои ташаккули низоми қонунгузории давлат ва қабули қонунҳои ба ҳимояи мардум нигаронидашуда, хизмат намуда истодаанд.
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳам, дар қатори чунин ҳизбҳо ба қайд гирифта шуда буд, аммо пас аз чанд сол ошкор шуд, ки фаъолияташ аз ойинномааш торафт дур шуда истодааст, ҳатто худи аъзоёни ояндабинаш фаъолияти иғвогарона ва ҷудоиандозиашро барвақттар ҳис намуда, аз аъзоӣ даст кашида буданд. Теъдоди аъзоёнаш ниҳоят кам монда, кумитаҳои ибтидоии ҳизбиаш дар шаҳру ноҳияҳо мустақилона бо қарорҳои хешу дастони худ фаъолияташонро қатъ намуданд. Лекин манфиатдорони ҲНИ намедонистанд, ки ҳизбашон аз дохили худ пўсидаву фуру рафта истодааст, онро дарк накарда, боз ҳам иғвоангезиву дасисабозиро авҷ мегиронданд.
Ниҳоят фаъолияти ин ҳизб пурра аз манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвари мо, аз ташвиқу тарғиби ғояҳои ободониву созандагӣ ва раъиятпарварӣ дур шуд. Мардуму аъзоёнаш ба он эътимоди қавӣ намедоштагӣ шуданд. Чунин ҳаракатҳои ғайриоиномавии ҲНИ ва аъзоёни манфиатдори он асос шуд, ки фаъолияти он аз рўи қонунҳои амалкардаистода манъ карда шавад. Боздоштани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои аз манфиати халқу давлат дур ва реаксионӣ дар ҳамаи кишварҳои дунё аз давраҳои қадим ба назар мерасад ва дар замони муосир ҳам ба куллӣ мушоҳида мегардад, ки чунин амалҳои қонунӣ танҳо бо мақсади таъмини амнияти мардум ва ҷомеаи шаҳрвандии ҳамон давлат аст.
Ҳоло ҲНИ дар сафи ҳизбҳои амалкунандаи давлати мо нест, вай дигар фаъолият намекунад, номи онро кайҳо фаромўш кардан ҳам мумкин буд.
Айни замон роҳаброн ва якчанд аъзоёни ин ҳизби тероористӣ аз мақсади ғарази худ даст накашида, ҳоло дар хориҷи кишвар қарор гирифта, кӯшиши ба иғво андохтани мардуми Тоҷикистонро доранд.
Моро мебояд то ба суханҳои ин иғвогарон фирефта нагардем ва ҳамеша дар фикри ободии Ватан бошем.
Ҳасанов М. – мутахассиси шуъбаи кор бо тарбияи ДДҲБСТ