Тоҷикистон муҳтоҷи фарзандони созанда аст на иғвогар

Воқеан, ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти инсонҳо хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм, экстремизм мебошанд, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудаанд.

Соли ҷорӣ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 30 сол пур мешавад, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Мутаъсифона, нохалафоне ҳастанд, ки мехоҳанд фазои ороми кишварро бо роҳи тафриқаангезӣ халалдор созанд. Дар ҳама давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва ҳамеша нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро таъриху фарҳанги башарият собит намудааст. Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад. Ин маблағҳоро террористон асосан аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқи оташфишон ба даст меоранд.

Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ рӯз то рӯз рушд карда истода, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намуда истодааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ қабул ва тибқи он амал менамоянд.

Вале, дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба тинҷиву оромӣ ва ба чунин пешрафт ношукрӣ намуда, зидди миллат, давлат ва Ватани худ мубориза мебаранд ва барои ноором сохтани вазъ аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Яке аз чунин нафарони ношурк ва ватанфурӯш ин М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ мебошанд, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор гирифта, бо паҳн намудани маводҳо мехоҳанд мардуми моро дубора фиреб диҳанд ва боз нооромӣ ва бетартибиро дар Тоҷикистон оғоз намоянд ва ба воситаи он табаддулоти давлатӣ намуда, ба ҳокимият соҳиб шаванд. Яъне онҳо мақсади бо роҳи ғайриконститутсионӣ соҳиб шудан ба ҳокимиятро доранд. Ин ҳолат аз ҳамаи мо талаб менамояд, ки бетараф набошем ва то тавонем бар зидди ин хоинони миллат, ки кӯшиши танҷиву оромии моро вайрон намудан доранд мубориза барем.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Кабирӣ кӯшишҳои зиёде кард, ки то ҷавононро раҳгум сохта ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ба ҳизби террористии наҳзати ислом ҷалб намояд. Лекин ҷавонон, ки хеле зираку доно шудаанд, ба ин амалҳои рӯбоҳонаи Кабирӣ бовар накарданд ва тири Кабирӣ хок хӯрд.

Мутаъсифона баъди расман аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам,  роҳбарон ва баъзе аз аъзоёни онҳо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, то ҳанӯз мехоҳанд мардуми моро ба доми фиреби худ кашанд. Дар ин роҳ онҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода намуда, ба воситаи он баромадҳои менамоянд, ки дар баромадҳои мазкур бо суханҳои бардурӯғ ва беасос кӯшиши фиреб намудани моро мекунанд.

Аз ҷумла ин иғвоангезон ва хоинони миллат Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад ва Астанаев бо роҳарии М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои бардурӯғ намуда, кӯшиш менамоянд боз мардуми моро дубора фиреб намоянд. Барномаҳои бо ном “Минбари Муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил”, “Бидуни парда”, “Бояд гуфт”, “Дидгоҳ” яке аз барномаҳои иғвоангезонаи онҳо ба ҳисоб рафта, дар барномаҳои мазкур хоинони миллат қариб ки ҳамарӯза аз камбудиҳои сохтаи худ суханронӣ намуда, мардумро ба митинг ва бетартибӣ ва зидди давлат баромадан даъват менамоянд.

Барои мисол, ҳангоми шунидани суханҳои Кабирӣ мо шоҳид мегардем, ки суханҳои ӯ пур аз дурӯғ ва сафсата буда, комилан беасос мебошанд. Кабирӣ як иғвоангез аст тамом. Ӯ дар ҳамаи баромадҳояш танҳо дар бораи камбудӣ ва норасогиҳои сохтаву фикркардабаромадаи худ сухан мекунаду халос. Бигзор ӯ дар бораи пешрафт ва тараққиёти Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст сухан накунад, вале ӯ аққалан дар бораи манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон сухан намекунад. Хулоса ӯ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлатӣ ҷангзада, бетартиб ва беқунуният муаррифӣ мекунаду халос. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дохили кишвар қарор дорем вазъиятро хуб медонем, ки Тоҷикистон кишвари тинҷу ором аст ва новобаста аз вазъи бавуҷудомадаи пандемия тавонист то иқтисодиёти худро нигоҳ дорад. Тинҷиву оромӣ ва сериву пуррӣ гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Вале нафароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанду солҳои тӯлонӣ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд ва аз вазъи ҳозираи Тоҷикистон танҳо ба воситаи шабакаҳои телевизион ва интернетӣ огоҳ мебошанд мутаъсифона ба суханҳои бардурӯғи ин хоини миллат бовар намуда, фирефта гардида истодаанд.

Ҳангоми пахши мустақими баромади Кабирӣ нафарони зиёд фикру ақидаҳои худро баён намуда, ба истилоҳ ба видеои мазкур “комментария” менавиштанд. Аз тарзи навиштани комментарияҳо маълум аст, ки аксарияти онҳо ҷавонон мебошанд. Баъзе нафарон ба суханҳои ин иғвоангез бовар намуда, норозигии худро аз ҳолати ҳозираи Тоҷикистон баён менамуданд, нафарони дигар бошад, ки ҳолати воқеии Тоҷикистонро медонанд аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафдорӣ мекарданд. Аз ин сабаб байни онҳо якдигарнофаҳмӣ ба вуҷуд омада, кор ба дараҷае мерасад, ки ин ду ҷониб ба баёни суханҳои қабеҳ ба ҳамдигар мегузаранд. Яъне ду гурӯҳе, ки маъмулан якдигарро тамоман намешиносанд бо ҳамдигар душман гашта, тайёранд зидди якдигар ҷанг намоянд, ки ин нишонаҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Яъне мутаъсифона ин хоинон ва иғвоангезон бо сухнҳои бардурӯғи худ тавонистанд доираи хурд ҳам бошад, як миқдор ҷавонони тоҷикро ба ҳамдигар душман созанд, ки мақсади асосии барномаи онҳо аз ҳамин иборат мебошад. Вобаста ба ин, моро мебояд ба суханҳои онҳо ҳаргиз фирефта нашавем ва байни ҳам хусусат надошта бошем.

Вобаста ба ин, бояд ҳар яки мо мавқеи бетарафиро ишғол накарда, дар барномаҳои мазкур иштирок намеоем, то бар зидди суханҳои бардурӯғи онҳо вокунишҳо нишон диҳем. Бо воситаи иштирок мо ба баъзе нафароне, ки ин хоинон онҳоро кӯшиши фиреб намудан мекунанд фаҳменем, ки Тоҷикистон кишвари тинҷу ором ва сериву пуррӣ аст ва ба Тоҷикистон фарзандони иғвогар не балки созанда лозим мебошанд.

Ахмедов Шаҳбоз – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like