Ба «маслиҳатгарон» эҳтиёҷ надорем

Роҳбари паймони миллии Тоҷикистон арз намудааст, ки аз қудрат дур кардани аъзоёни Ҳукумати кишвар бояд стратегияи  миллӣ бошад. Дар аввал  бояд қайд намуд, ки Паймони милли Тоҷикистон  ин ҳамон ташкилоти  экстремистиву террористии ҲНИ мебошад, ки ба сари миллати тоҷик бадбахтиҳои зиёд овард, зиёда аз 150 ҳазор аҳолии бегуноҳи тоҷик кушта шуда, ҳазорон кӯдакон ятим монданд, ҳазорон оилаҳо бе саробон монданд. Мақсад, рафтор ва кирдори Паймони милли ва ТЭТ ҲНИ яканд, чихеле, ки мегӯянд «хар ҳамону тӯқум дигар аст».

Мақсади Кабирӣ чист- омадан ба сари ҳокимият ва боз бо ҳамон «Мусиқии кӯҳна» – бо роҳи табаддулоти ҳарбӣ ба даст овардони ҳокимияти сиёсат дар Тоҷикистон. Аз ин рӯ ду ҳолатро қайд намудан ҷоиз аст.

  1. Сатҳи ҷаҳонбинии мардуми Тоҷикистон  ҳоло аз мантиқи  солҳои 90-уми  асри гузашта  куллан  фарқ дорад, яъне гумроҳ намудани халқ муяссар нахоҳад шуд, мардум қобилияти фарқ намудани «сиёҳ» ва «сафед»-ро дорад. Оғоз намудани ҷанги дохилии нав ҳеҷ гоҳ муяссар нахоҳад шуд.
  2. Соли 2015 ТЭТ ҲНИ бо истифодаи Исёни Ҳоҷи Ҳалим табаддулоти ҳарбиро амалӣ намудан мехостанд ба сари ҳокимият оянд, вале…

Ва ҳама мардуми Тоҷикистон медонанд, ки маблағгузории асосӣ ва тарроҳи ин табадулот М.Кабирӣ мебошад.

Масъалаҳои дигаре, ки М.Кабирӣ ба он даст задааст ин аз қудрат дур кардани аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва онро стратегияи  миллӣ номгузорӣ кардааст. Пеш аз ҳама М.Кабирӣ ягон хел ҳуқуқи манавӣ – инсонӣ надорад, ки аз номи миллат сухан гӯяд. Агар М.Кабирӣ худро шаҳрванди Тоҷикистон ва намояндаи миллат меҳисоби ӯ ҳоло дар хориҷӣ кишвар бо хоҷагони хориҷии худ ҳамтабақ намебуд.

Ҳар як шахси (солимфикр) тоҷик ҳеҷ гоҳ «стратегияи миллии» М.Кабириро қабул нахоҳад кард. Ягон ҷомеаи ҷаҳонӣ бе мушкилот нест.

Ҳамаи мушкилотҳо ва масъалаҳои иқтисоди, сиёсӣ, фарҳангиро мо бо роҳбари хирадманди худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландии ҳал хоҳем кард. Мо ба «маслиҳат гарон»  ба монанди М.Кабирӣ ва дигар ифротиён ягон эҳтиёҷ надорем.

 

Абдуллоев О.О. – дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ

 

You might also like