Ҳифзи марз ва ҳимояи он вазифаи ҷонии ҳар сокини кишвар аст
Санаи 22 июли соли 2021 ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки мардуми шарафманди кишварамон чигуна барои санҷиш ва баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан ва хоки поки сарзамини аҷдодиамон бо ҳам омаданд.
Ҷамъ омадани сокинони кишвар барои баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ ва санҷиши он дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, дар ин чорабинӣ дар саросари кишвар беш аз 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ иштирок намуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Чорабинии зикршуда, таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд. Албатта чунин номгузорӣ кардани чорабинии мазкур беҳуда набуда, он ба вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд ишора карда шудааст.
Мақсади баргузории чорабинии мазкур, танҳо ба хотири омодабошӣ баҳри ҳифз ва ҳимояи Ватани худ нигаронида шудааст. Чи тавре, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вақти суханронии худ қайд намуданд “…ҳамчунин, қотеона иброз медорем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи худро ҳаргиз бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Баръакс, мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем”.
Чорабинии мазкур ба воситаи пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода шуда, ҳамзамон мо шоҳиди он гардидем, ки баъди ба анҷом расонидани машқҳои низомӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, аз ҷумла ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳамеша омодабошии онҳо дар самти ҳимояи Ватан, ба қадри Истиқлолу озодӣ расидан ва муборизаи беамон бурдан бо гурӯҳҳои террористӣ ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла қайд намуданд: “Хотирнишон месозам, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст. Дар вазъияти баамаломада вазифаи муҳимтарини шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед”.
Аз шунидани ин суханҳои Пешвои миллат албата шахс як руҳу қувваи нав гирифта, соҳибватан будани худро аз сидқи дил эҳсос менамояд.
Албатта баргузории чунин чорабиниҳо боиси баланд гардидани ҳисси ватандӯстии сокинон шуд, дар баробари ин ҷиҳати баланд бардоштани омодабошии ҷангии онҳо мусоидат менамояд.
Бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ сарҷамъии сокинон гувоҳи он аст, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамеша омодаем то Ватани азизи худро ҳимоя намеом ва дар ин роҳ ҳатто ҷони худро дареғ надорем.
Хулоса чорабинии мазкур барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мусоидат намуда, масъулияти сокинони ҷумҳуриро дар омодагии ҳамеша барои ҳимояи Ватан даҳчанд боло бардошт.
Сино Ғафурӣ – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа