ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ТАҚСИМНАШАВАНДА АСТ
Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳодияи шӯравӣ соли 1991 Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф гардид. Тибқи санадҳои байналмиллалии эътирофшуда Тоҷикистон ҳудуди муайяни худро дорад. Қаламрави давлат ҳудуде мебошад, ки дар он давлат ҳамчун ташкилоти мустақили ҳокимияти сиёсӣ фаъолият менамояд. Он дар тамоми қаламрави худ дорои ҳокимияти соҳибихтиёр мебошад. Конститутсия халалдоршавии тамомияти арзии давлатро қатъиян манъ намудааст. Тақсимнопазарӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат яке аз унсурҳои асосии бехатарии давлат буда, ҳифз ва таъмини онҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба шумор меравад. Тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат бо соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлат дар равобити ҷудонопазир қарор дорад.
Таъмини ҳуқуқии он бо ду роҳ амалӣ мегардад, ба монанди чораандешиҳои дохилидавлатӣ ва тариқи пайваст будани Тоҷикистон ба як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ. Аз нигоҳи дохилидавлатӣ, тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар имконнопазирии ҳуқуқии гузашт кардани қисми ҳудуди давлат аз ҷониби Тоҷикистон, мақомот ва шахсони мансабдори он ба давлати дигар ифода меёбад. Тарғиб ва ҳар гуна амалиёти ҷудоиандозӣ тибқи Конститутсия манъ эълон шудааст. Таъмини тамомияти арзии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ дар пайваст будани он ба як силсила қарордодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи ИДМ ва шартномаҳои дутарафаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ифода меёбад.
Қаламрави давлат ин фазои мавҷудияти он аст, ки дар он аҳолӣ зиндагӣ мекунад, барои ташаккул ва рушди иқтисоди ҷомеа заминаҳо мавҷуд буда, соҳибистиқлолӣ тавсеа меёбад. Таъмини соҳибистиқлолии давлат аз таъсири давлатҳои дигар ҳангоми амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат ва инчунин тамомияти арзии он қабул менамояд.
Чӣ тавре ки рӯйдодҳои охирон гувоҳӣ медиҳанд, баъзе аз намояндагони давлати ҳамсояи Қиғизистон дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон чунин иброз менамояд, ки навоҳии Лахшу Мурғоб ва Ворухи Тоҷикистон ба Қирғизистон таъаллуқ доранд. Мо бо ин ақида розӣ нестем, зеро ин гуфтаҳо ягон асоси ҳуқуқӣ ва таърихӣ надорад. Бояд зикр намуд, ки пеш аз ягон сухан гуфтан бояд андеша кард, ки он метавонад ба оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок оварда расонад ва муносибати байни давлатҳоро мураккаб намуда ба сар задани ҷанг равона созад.
Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда аст ва намегузорем, ки онро дигар давлатҳо соҳибӣ намоянд. Бояд зикр намуд, ки «Ворух – марзи нангу номус ва ватандорист» ва «Як ваҷаб хоки сарзамини тоҷикон ба касе дода намешавад».
Баробари ин, нафароне ҳастанд, ки аз хориҷи кишвар қарор гирифта, байни мардуми Тоҷикистон иғво ангезондан мехоҳанд ва аз фурсати ба вуҷуд омадаи сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва вазъияти нотинҷи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истифода намуда, бо ҳар роҳ мехоҳанд мардумро зидди давлат равона намоянд.
ТТЭ ҲНИ дар ҳар як масъалаҳои дохилию берунии сиёсии давлат тарғибгар аст ва мехоҳад дар Тоҷикистон низоъ ба вуҷуд ояд, аз ҷумла дар масъалаи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи хоинонаро ишғол намудааст. ТТЭ ҲНИ навори 2 сол пеши Қ.Ташиевро дар бораи Лахшу Мурғоб нашр намуда, амалан ба тарғибгари ҷониби қирғиз мавқеъ гирифтааст. М.Садриддин шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Бинобар он, дар баҳсҳои сарҳадӣ мавқеи Ҷумҳурии Қирғизистонро мегирад. Бесаводони наҳзатӣ аз ҷуғрофияи минтақа хабар надоранд. Ворух он тараф истад, тамоми Тоҷикистонро ба аҷнабиҳо мефурӯшанд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ба иғвогариҳои бемаънии ин хоинони миллат фирефта нашавем ва ҳамеша дар фикри ободии Ватан бошем.
Каримова М.М. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ