Манфиатҳои миллӣ – асоси фаъолияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ дустони абадӣ ва ё душманони абадӣ надорад. Маҳаки асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро манфиатҳои миллӣ ташкил медиҳанд ва бо назардошти манфиатҳои миллии худ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо давлату ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон аз умқи таърих сарчашма мегирад. Тоҷикистону Афғонистон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.

Тоҷикистон ба таҳсилдидагони Ҷумҳурии исломии ЭронАфғонистон дар кишвари худ ягон хел муносибати ғайриқонуниро раво надидааст ва намебинад.

Аз руи маълумотҳои дақиқ ва асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нисбати танҳо шахсоне, ки ҳангоми таҳсил дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар муассисаҳои таълимии ғарирасмӣ ба таълимоти тундгаро ҷалб шуда, ҳамчунин донишҳои назаривию амалии низомиро гирифтаанд, татбиқ кардани чораҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ амали зиддиҳуқуқӣ нест.

Аз рӯи маълумотҳо баъзе шаҳрвандони кишвар дар давраи таҳсил ва буду бош дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зери таъсири доираҳои мазҳабию идеологии ин кишвар афтода, мақоми мубаллиғ ё таблиғотчии ақидаҳои тундгароро касб мекунанд ва бо сармоягузории доираҳои идеологию мазҳабии шахсони алоҳида дар ҳудуди Тоҷикистон шабакаҳои пинҳонӣ сохта, ба таблиғи ақидаҳои зикршуда, ҷалби шаҳрвандон ба он ва ташкили ҳалқаю доираҳои мазҳабу гурӯҳ, ки барои мардуми Тоҷикистон бегона буда, таблиғот ва паҳн кардани он боиси ихтилоф ва низоъ дар байни мусулмонони Тоҷикистон мегардад, машғул гардидаанд.

Ин нафарон пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бо супориши хадамоти махсуси хориҷӣ ба корҳои сиёсию идеологӣ ва фаъолиятҳои махсус машғул шудаанд. Фаъолияти онҳо пурра аз тарафи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷа дастгирӣ ёфтааст. Баъзе аз онҳо бошад, бо супориши хориҷӣ ба фаъолиятҳои ифротгароӣ даст зада, бо гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ ҳамкорӣ намудаанд. Баъзеяшон ҳатто ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ин ҳизби террористӣ дохил шудаанд. Дар солҳои охир чандин маврид чунин ҳодисаҳо ошкор шуданд, ки маълумоти дақиқ дар бораи он ба ҷомеа дода шудааст.

Бинобар ин, дар солҳои охир аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон маҳз ҳамин гуна шахсони алоҳида ошкор, боздошт ва мувофиқи аъмолашон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин иқдоми мақомоти Тоҷикистон як ҳолати табиӣ буда, дар ҳар давлати дигар ҳам чунин амалҳо пешгирӣ мешаванд.

Рӯзҳои охир мо шоҳиди он гардидем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳо доир ба он, ки ба Тоҷикистон назар ба толибон наҳзатиён хатари бештар доранд, паҳн карда шуд. Ин гуфтаҳоро хоинони Тоҷикистон аз хориҷи кишвар қарор гирифта, чунон шарҳ дода истодаанд, ки гӯё Тоҷикистон аз ин хоинон дар ҳарос бошад. Албатта ибрози ба Тоҷикистон назар ба толибон наҳзатиён хатари бештар доранд ин маънои ҳароси Тоҷикистонро аз наҳзатиён ҳаргиз надорад. Вале, мавриди зикр аст, ки наҳзатиён душманони миллату давлати Тоҷикистон мутаъсифона ҳоло ҳам дар дохили Тоҷикистон ҳастанд, яъне душман дар даруни мо аст ва ин албатта хатар аст.

Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки ҳамеша зирак бошем ва ҳеҷ гоҳ дар ғафлат намонем то аз он душманон истифода набаранд. Ҳамеша дар фикри тинҷиву оромии кишварро нигоҳ доштан ва ободии он бошем.

Бобоев А.Х. – мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like