Паймони миллии Тоҷикистон – иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ

Дар таърихи навини Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ солҳои 1990-ум бо содир кардани ҷиноятҳои террористӣ, ки дар садҳо ҷилд парвандаи ҷиноӣ бо ҳазорҳо далели шайъӣ нуҳуфтааст, номи худро пурра сиёҳ кард. Ҳар қадаре, ки хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузорони ТТЭ ҲНИ кӯшиш кунанд ҳам, ин воқеияти таърихиро инкор кардан ё нодида гирифтан ғайриимкон аст.

Тавре мушоҳида мешавад, дар ин замина лоиҳае бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» тавлид шуд.  Суханрониҳои баландпарвоз дар бораи ин Паймон, изҳорот дар бораи ҳадафҳои он манзараи зебое беш нест. Ҳақиқат ин аст, ки имкониятҳои воқеии онҳо танҳо ба таҳқири фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва раҳгумсозии фазои иҷтимоӣ мерасад. Маҳз ин самти фаъолиятро роҳбари ТТЭ ҲНИ дар як вақт роҳбари паймони миллӣ ҳам ҳаст  М. Кабирӣ барои пайравони худ афзалиятнок маънидод намуд: «Вазифаи асосии мо – ба мардуми тоҷик фаҳмонидани он аст, ки барои беҳтар шудани вазъият чӣ бояд кард… Тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин имконпазир аст. Мо қаблан ҳам бо ин кор машғул будем, аммо пароканда ва бе барномаи мушаххас. Паймони миллӣ мақсад дорад, ки ҳамаи захираҳои ҳизб ва гурӯҳҳоро барои васеъ кардани доираи фаъолияти иттилоотӣ истифода кунад… Ҳоло ин ягона роҳи самараноки таъсиррасонӣ ба вазъи давлат аст. Аввал бояд мардумро аз муҳосираи иттилоотӣ раҳо кард, дар ин ҳолат онҳо ба мубориза барои ҳуқуқи худ омода мешаванд.”

Бояд эътироф кард, ки Паймон бо мақсади пуршиддат намудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, барҳам задани суботу амният дар мамлакат, таҳрифу бадном кардани фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳон, омода намудани замина барои ҷалби шаҳрвандон ва истифода намудани онҳо дар фаъолияти террористӣ ба коркарди идеологии мафкураи шаҳрвандони Тоҷикистон машғул мешавад.

Самти интихобнамудаи стратегияи иттилоотӣ ва ҳадафҳои ниҳоии он бараъло маълум буда, дар порае аз суханони Кабирӣ М. оид ба омодагии Паймон баҳри ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод намудани роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ нишон дода шудааст. Барҳам додани сохти конститутсионӣ ҳадаф, муҳтаво ва муҳаррики аслии Паймон мебошад.

Ҳамин тавр, Паймони миллӣ – ТТЭ ҲНИ аст, ки зери номи нав мехоҳад фаъолиятҳои террористии худ ва ҷиноятҳои содирнамудаашро пинҳон намояд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки бо иваз кардани номи худ ТТЭ ҲНИ ҳадафҳои ҷиноятӣ ва алоқааш бо ташкилотҳои террористии байналмилалиро тағйир надодааст.

Маҳз аз ин сабаб коршиносон таъкид мекунанд, ки «бозии элитаи сиёсии ғарбӣ бо ТТЭ ҲНИ ва дар заминаи он ташкили созмони нав, мисли «Паймони миллӣ» метавонад натиҷаи ноустувор ва ё баръакс ба бор оварад. Дар ниҳоят террористони ТТЭ ҲНИ-и бо пули андозсупорандагони давлатҳои ғарбӣ ташаккул ёфта, ҳар лаҳза метавонанд аз зери назорат хориҷ шаванд ва мили силоҳро сӯйи хоҷагони худ гардонанд, ки назирашро аз таърихи амалиёти пинҳонии мақомоти махсус мушоҳида кардан мумкин аст. Дар он ҳолат ТТЭ ҲНИ ба хор ё зиребае дар дили Аврупо табдил меёбад, ки халосӣ аз он кори душвор хоҳад буд.

Имрӯзҳо бошад, ки вазъ дар сарҳади Афғонистон вобаста ба паҳн гардидани домани толибон ва дар Қирғизистон ноором аст, аз ин хоинони миллат истифода намуда, мехоҳанд байни мардум иғвоангезӣ намоянд.

Айни замон ин хоинони миллат тамоми қувваи худро ба он равона намудаанд, ки миёни халқҳои тоҷику қирғиз муносибатро бад намоянд. Ва ҳамзамон кӯшиш намуда истодаан, ки вазъи ба вуҷуд омада дар Афғонистон ба фоида худ ҳал намуда, байни мардум иғвоангезӣ намоянд.

Хушбахтона имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хуби шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаҳои бадандешон, душманони халқ фирефта нахоҳанд шуд.

Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯро обу хоки Ватан кӯр хоҳад кард, бо маслиҳати хоҷагони зархариди худ дар мамлакатҳои хориҷ митингҳои бемантиқ ҷамъ намуда, мехоҳанд диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта, гуё ҳақиқати ҳаётро ба онҳо фаҳмониданӣ мешаванд. Вале кулли ҷаҳониён ва тоҷику тоҷикистониён кӣ будани он хоинонро медонанд ва сад шукр, ки мардум имрўз ба атрофиён бо ақли хирад ва чашми равшан менигаранд ва ба ояндаи худ боварии комил доранд. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва намегузорад ягон нохалафе пои худро боз ба Тоҷикистон бигузорад ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.

Мо бо ифтихор мегўем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар кишвар сулҳу суботро таъмин намуд, балки ба ҷаҳониён ташаббусҳои нодирро пешниҳод намуд, ки баҳри ҳалли бисёре аз масоили глобаливу минтақавӣ мусоидат менамоянд. Аз ин рў, баромадҳои бемантиқу беасоси Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ асоси воқеӣ надорад ва зери танқиди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд монад!

Бобоев А.Х. – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like