Ҷавонон пайравони Пешвои миллат!

Борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷамъият боварии калон доштани худро баён намудаанд. Дар ҳама ҷо дастгирии роҳбари мамлакатро нисбати насли ҷавон мебинем ва эҳсос мекунем. Мо ҷавонон дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сазовори чунин боварию дастгирӣ бошем. Ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри баланд бардоштани нуфузи давлатамон дар дохил ва берун аз он саҳмгузор бояд бошем.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ гурӯҳҳои гуногуни ифротиву террористӣ, ки пешравию гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамонро чашми дидан надоранд, бо ҳар роҳу восита ба мафкураи ҷавонон халал расонида, онҳоро ба доми худ меғалтонанд. Сабаби ба ин гуна гурӯҳҳо пайваст шудани ҷавонон, албатта надоштани маълумоти кофии сиёсиву динӣ ва ҳуқуқӣ, паст будани ҳисси худшуносиву худогоҳӣ ва ноустувор будани ақидаҳо ҷиҳати пешбурди зиндагӣ мебошад.

Мо ҷавонон ба ин дурӯғу сафсатабофиҳои онҳо набояд фирефта гардем. Онҳо душманонанд, хоинонанд, ватангадоянд, аз ӯҳданобарояндаҳоанд, ки худ аз берун истода, санги маломат ба сӯи халқи худ-миллати худ, Ватани худ-Тоҷикистони худ ҳавола мекунанд. Кадоме аз онҳо (аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстремистӣ) барои давлат, барои тоҷику Тоҷикистон амалеро ба ғайр аз дуррӯғбофию сафсатахониҳо иҷро намудаанд. Вақте аз хизматашон нисбати Тоҷикистон сухан меравад, лол мемонанд ва гунг мегарданд. Ин ҳама аъзоёни ташкилотҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, экстремистанд.

Экстремизм ин зуҳуроти номатлуб буда, бар зарари ҷомеа кор мебарад. Намояндагони гурӯҳи террористиву экстремистӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқот бурда, онҳоро гумроҳ месозанд. Аксари ин ҷавонон хатои худро дер мефаҳманд, аз карда пушаймон мешаванд, вале пушаймонӣ суде надорад. Яке аз чунин ташкилотҳои ифротгарои ТТЭ ҲНИ сулҳу субот ва пешравии Тоҷикистонро дида натавониста, бо ҳар роҳу восита оромии давлатро халалдор кардан мехоҳанд. Зархарида гаштани роҳбари собиқ ҲНИ М.Кабирӣ ва пайровони ӯ буд, ки як қатор ҷавонон бинобар надоштани маълумоти кофии сиёсиву динӣ ба ин хоини миллат пайравӣ намуда, раҳгум задаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки имруз қисми зиёди ин хоинон аз кирдорҳои худ пушаймон ҳастанду дарди дили худро ба куҷо гуфтанро намедонанд, ба Ватан роҳи баргаштанро намеёбанд.

Новобаста аз ин, имрӯз тамоми мардуми шарифи тоҷик таҳти сарвари сулҳпарвару сулҳофару сулҳовари худ муттаҳид гашта, баҳри пешравию шукуфоии Ватани азиз аз таҳти дил ҳар як нафар бо ақлу заковат ва фаъолияташ ҳиссагузорӣ намуда истодааст.

Саҳми мо ҷавонони даврони истиқолол дар ин самт хониши хубу аъло дар муассисаҳои миёна ва олии кишвар, хизмати бошараф дар назди Модар-Ватан, меҳнати софдилона дар корхонаю ташкилотҳо, ки асоси нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ мебошад, рӯи кор гирем. Набояд фирефтаи гуфтори ширину ваъдаҳои пучи душманони миллат гардем. Бо ақли солими худ рафтор намуда, баҳри ободии Тоҷикистони азиз кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар пайравии Пешвои муаззами миллат кор ва фаъолият намуда, ба қадри Ваҳдати миллӣ расем.

Қобилов Р.Р. – аъзои маҳфили Пайравони Пешвои миллати назди раёсати ДДҲБСТ

You might also like