Тоҷикистонро дигар қисмат макун!!!
Имрӯза Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ниҳоят ҳоли харобу зор дошт. Аллакай ҳамон солҳо ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо бо мақсади соҳиб шудан ба вазифаву моликият байни халқ шӯриш андохта ҷанги шаҳрвандиро сабаб шудаанд.
Ҳамин номуси ватандории ин марди худодод Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз аввалин рӯзҳои ба ҳайси роҳбари давлат интихоб шуданашон дар назди халқ ваъда дода буданд, ки “Ман ба шумо сулҳ меоварам” худи халқ шоҳид аст, ки наздик ба 30 сол инҷониб дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат ҳукфармост.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани Созишомаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ҳамаи он хиёнатҳои нокасонро бахшиданд, вале ин беномусони ватанфурӯш ба доми хоҷаҳои хориҷиашон даромада, боз ба ин давлату миллат хиёнат кардаанд ва карда истодаанд, ки ба ин мисолҳо овардан мумкин аст.
Аз ҷониби ин нокасон кушта шудани олимони варзида ба монанди Исҳокӣ Ю., Ғуломов М. ва ходимони сиёсию ҷамъияти ҳуқуқшиноси варзида Сафарали Кенҷаев, академик Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳо дигар фарзандони модари тоҷик мебошад, ки ин хиёнати онҳо нобахшиданист.
Як хиёнати дигари ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ин ҳуҷуми мусаллаҳона ба шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат буд.
Мо метавонем даҳҳо ва ҳатто садҳо хиёнати ин ватангадоҳоро мисол оварда тавонем. Худи мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки хоин асту ки ҷонсупори ватан.
Боиси хурсандист, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон мардум бо сулҳу салоҳ умр ба сар мебаранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд доранд. Ҷанги дохилӣ аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз шуда, боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва хисороти азими иқтисодӣ гардид.
Худи ҳамин филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бешарафӣ амалҳои манфуронаи аъзоёни ҲНИ-ро фош намуд.
Ҳоло мардуми шарафманди Тоҷикистон ба фаъолияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ, ки аз шабакаҳои гуногун баромад мекунанд, боварӣ надоранду онҳоро маҳкум мекунанд.
Ашуров С.Х., дотсент декани
факултети “Бизнес ва идоракунӣ”-и ДДҲБСТ