ТЭТ ҲНИ қаноти ҳарбӣ дорад ва М. Кабирӣ барои рушди он саҳмгузор аст
Нафароне, ки (наҳзатиҳо ва ҳомиёни хориҷии онҳо) замони пасошуравӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷанги гражданиро оғоз намуданд, аз дарси таърих сабақ нагирифта имрўзҳо низ мехоҳанд ҳамон замони мудҳишро ба сари мардуми мо фурў оваранд (фавтидани зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо, наздики 800 ҳазор нафар Ватанро тарк карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд, ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар ҳисорот ворид гардид.) Аз маводҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дучор меоянд бармеояд, ки дар дар он сўи Ому аз 6 то 10 ҳазор ҷангиёни Ҳаракати исломии Туркистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ» ва ТЭТ ҲНИ ҳузур доранд.
Ташкили армияи наҳзатӣ дар Афғонистон боз як сарчашмаи ҷангу ҷидол, бесару сомонӣ, таҳдиди воқеъӣ ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус барои Тоҷикистон аст. Барои он ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарҳади аз ҳама тўлонӣ дорад ва аз ин нўқтаи назар ташкили армияи наҳзатӣ дар Афғонистон пеш аз ҳама бе восита ба давлати мо хатар эҷод менамояд. Баръало зоҳир гардида истодааст, ки роҳбарони бо ном ҳизби наҳзати исломӣ дар асл созмони мамнўъ: ТЭТ ҲНИ аз таблиғи ғояҳои экстремистии худ (мағзшўӣ) ба амалҳои фаъоли мусаллаҳона гузашта истодаанд, ки ин ҳаракат ҷинояти боз ҳам вазнинтар аст.
Баъди дар Сурия ва Ироқ қисман саркўб шудани ин ва дигар ҷангҷўён онҳо бо ҳар роҳ ба Афғонистон ворид гардиданд ва мақсадашон аз номи дини мубини Ислом дар давлатҳои ҳамҷавор бо силоҳ ҷорӣ амал намудани сохторе, ки ба талаботи онҳо ҷавобгў бошад (иҷборан тағйир додани сохти конститутсионӣ, ҷорӣ намудани серзанагӣ, маҷбур намудани аҳолӣ ба аз як мазҳаб ба дигар мазҳаби исломӣ гузаштан (тарки мазҳаб) ва дигар амалҳои зишту нопок) мебошад.
Дар ин ҷода ТЭТ ҲНИ бо дигар ташкилоту созмонҳои ифротӣ ба монанди “ДОИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Салафия” ва “Ҳизбут-таҳрир” муносибати дӯстона дошта, дар амалҳои экстремистӣ-террористӣ ҳамаи онҳо бо ҳамдигар ҳамраъ ҳастанд ва аз якдигар ягон тавофут надоранд (номашон дигар асту халос), яъне ҳамаи онҳо эстремисту террорист мебошанд.
Муҳиддин Кабирӣ худро мусичаи бегуноҳ вонамуд карда, дар ҳамаи расонаҳои ба ҳама дастрас сохтори (ҷиноҳи, қаноти) ҳарбӣ надоштанашро изҳор кардааст, яъне гўё ки ҳамаи фаъолияти ў фақат бо сухан аст. Дар маводи А.Талбаков дурўғи Кабирӣ исбот шудааст: вай бавосита Армия ҳам дорад, бо силоҳ ҳам сарукор дорад. Гарчанде дар Европа аз ҳисоби маблағгузории хоҷагонаш воридшаванда кайфу сафо намуда мардумро ба митингу инқилоб тариқи онлайн давъат намуда истода бошад ҳам, бо сухан қонеъ нашуда, ташнаи ҷанг аст.
Хулоса, ТЭТ ҲНИ қаноти ҳарбӣ дорад ва Муҳиддин Кабирӣ барои рушди он саҳмгузор аст. Қаноти ҳарбии ТЭТ ҲНИ барои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар навбати аввал барои Тоҷикистон бевосита таҳдид мекунад. ТЭТ ҲНИ бо “ДОИШ”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизбут-таҳрир” дар як фазои ифротии идеологӣ қарор доранд, бо ҳамдигар ҳамраъ ҳастанд, дар амалҳои экстремистӣ-террористӣ аз ҳамдигар ягон фарқият надоранд.
ТЭТ ҲНИ номашро ба Паймони миллӣ иваз карда бошад ҳам вай ҳоло ҳам гурўҳи ифротӣ ҳаст ва боқӣ мемонад, чунки аз мақсадҳои нопоки худ ба монанди тавассути заҳролудкунии майнаи ҷавонон бо таблиғотҳои худ (бо пули хоҷагони хориҷӣ) тухми иғво коштан, нияти бо табаддулот ба сари қудрат омадан даст накашидаанд.
Бинобар ҳамин ҳар яки мо ҳушёрии сиёсиро аз даст надода ба ҷавонон, дигар қишри алоҳӣ ба қадри ҳол сидқан моҳияти фаъолияти экстремистӣ-террористии ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллиро фаҳмонем то онҳо фирефтаи ин хоинон нагарданд.
Пўлотов К. И. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ