СУХАНҲОИ БЕАСОС

Ба ҳама маълум аст, ки вақтҳои охир аз тарафи гурўҳҳи ТТЭ ҲНИ ва баъдан ном гирифтани он ба Паймони миллӣ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воқеаҳои руйдодаистода дар кишварамон суханҳои беасосро паҳн намуда, тамоми мардуми тоҷик ва хориҷиро гумроҳ карданианд.

Ин хоинони миллат аз ҳаргуна сомонаҳои интернетӣ роҳбари ТТЭ ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ сўхбатҳои онлайниро бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ гузаронида, мардумро ба норозигӣ ва баргузории митингу инқилоб даъват менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол мардум дигар ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ боварӣ надоранд ва фаъолияти онҳоро маҳкум медоранд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда М.Кабирӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ютубканалҳои худ аъзоёни худро мекобад, то ки назди спонспорони худ ҳисобот дода забондароз бошад.

Муҳаммадиқболи Садридин низ яке аз чунин хоин ва ҳаммаслаки Кабирӣ баҳисоб рафта, ҳамчун роҳбари сомонаи экстремистии “Ислоҳ” бо фаъолияти иғвоангези худ ба баварии баъзе шаҳрвандони дохил гардида, ин бовариро ба манфиатҳои шахсии худ истифода намуда, бо амалҳои қаллобӣ ба шаҳрвандони соҳибкор зарари молиявӣ расонидаст, ки мо хуб аз он огоҳӣ дорем.

Тавре аз маълумотҳои расмии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид М.И.Садриддин ба якчанд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қаллобӣ зарари калони молиявӣ ба маблағи 430 ҳазор доллари ИМА расонидааст.

Ин маблағҳоро М.И. Садриддин имрўз ба манфиати шахсии худ истифода намуд ва амалҳои қаллобии худро ў инкор менамояд. Чунин рафтор нишон медиҳад, ки М.И.Садриддин баҳри манфиатҳои худ ба ҳама кор даст зада дар хориҷа фаъолият менамояд.

Чунин рафтор нишон медиҳад, ки ин хоинони миллат дину мазҳабро ба тиҷорат табдил дода, ба манфиатҳои худ истифода менамояд.

Бояд шаҳрвандон ҳушёр бошанд, то ба доми фиреби қаллобии чунин шахсони нобакор гирифтор нагарданд, ки онҳо худро чун ҳимоягари ҳуқуқи инсон тасвир мекунанд, аммо дар асл сирати онҳо аз фиребу қаллобӣ ва тўҳмат иборат асту халос.

Имрўзҳо мардуми тоҷик сиёсати пайгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, баҳри шукуфоии кишварамон саҳмгузор шуда истодаанд.

Мардуми тоҷик аз ҳолати ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991 таҷрибаи калон гирифта намегузорад, ки ин воқеаҳои даҳшатноку фоҷеаовор боз такрор шавад.

Бинобар ин, мо зиёиён бояд байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, асли воқеии ҳолатро баён намоем.

Алалхусус бояд ҷавононро аз чунин ҳолатҳо муҳофизат намуда, онҳоро дар руҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ тарбия намуд.

Одинаев А. – н.и.т., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like