Ҷавонони  – нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро зиёда аз 70 фоизи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба дастгирии ҷавонон чандин барномаву тадбирҳои зарурӣ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, ҳамасола 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доира таҷлили ин ҷашни ҷавонӣ чорабиниҳои зиёде баргузор гашта, ҷавонони фаъол қадрдонӣ меёбанд, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон башорат медиҳад. Дар ин давра дастоварду комёбиҳои ҷавонони кишвар афзуда, ин қишри ояндасози ҷомеа бо дастовардҳои илмию варзишӣ ва дигар фаъолиятҳои гуногунҷабҳаи хеш кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муарифӣ карда истодааст. Маҳз бо дарназардошти ҳамин нуқта ва саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат зимни ироаи Паёми навбатии худ 22-юми декабри соли 2016-ум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-умро «Соли ҷавонони Тоҷикистон» эълон карда буданд.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд.

Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани  истиқлолияти давлатӣ  дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба мушкилоти зиёде рў ба рў гардид, ки намояндагони ТЭТ ҲНИ мехостанд ба рушди муназзами кишвар монеагузорӣ намоянд. Аз таърих маълум аст, ки дар он солҳо вазъияти иқтисодиву иҷтимоии кишвар бисёр мушкил гардид. Гурезаҳо ва муҳочирони иҷборӣ зиёд буданд шохаҳои ҳокимият фалаҷгардиданд. Новобаста ба ин Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар як мўҳлати кўтоҳи таърихи ин мушкилоти кишварро аз байн баранд роҳи сулҳу субот ва осоиштагии кишварро амалӣ созанд.

Душманони халқ бошанд аз қабили аъзоёни ТЭТ ҲНИ ин дастовардҳои кишварро дида наметавонанд ва бо ҳар гуфтору андешаҳои нопоки худ мехоҳанд дастовардҳои кишварро нодида гиранд.  Ин пеш аз ҳама Кабириву ҳамаслакони вай мебошанд. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо ба монанди Кабири, Муҳаммадиқбол ва дигар думравонашон аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳан бунёдро бадном созанд.

Ин дастовардҳои назаррасро Кабириву думравони ў магар намебинанд, ки ин қадар ҳарзагўи мекунанд.

Мо бо ифтихор мегўем, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишвар сулҳу суботро таъмин намуданд, балки ба ҷаҳониён ташаббусҳои нодирро доданд, ки баҳри ҳалли бисёре аз масоили глобаливу минтақавӣ мусоидат менамоянд.

Рауфов М. – ассистенти кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like