Баромади бемаънии М.Кабирӣ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд”

Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки рӯз то рӯз бо азму иродаи қавӣ ва ҷаҳду талошҳои роҳбарияти олии мамлакат хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон рӯ ба рушд ниҳода, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастовард, навгонӣ, пешрафт ва рушду инкишофи ҳамешагӣ ба чашм мерасанд.

Вале, то ҳол дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба чунин пешрафт ва тинҷиву оромии  диёр шукр накарда, барои маблағ ба гумроҳ намудани мардум машғул мебошанд. Ин гуна шахсон бо ҳар роҳу восита мардумро фиреб намуда, мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро нотинҷ созанд ва барои маблағ омодаанд зидди миллат ва Ватани худ хоинӣ кунанд.

Дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифтаанд, ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз зумраи чунин иғвоангезон мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардуми Тоҷикистонро зидди сиёсати давлатӣ равона намоянд.

Ин навбат санаи 5 июли соли равон дар шабакаи иҷтимоии ЮТУБ баромади навбатии М.Кабирӣ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд” намоиш дода шуд, ки ягон асоси воқеӣ надошта пур аз дурӯғу сафсата мебошад.

Дар ҳақиқат барномаи мазкур, ки ба тариқи пахши зинда аз соати 21.00 то 22.59 доир карда шуда, дар он М.Кабирӣ дар мавзӯи “Оё сулҳи тарафҳо миллатро ба ваҳдат расонд” суханронӣ намуд мисли барномаҳои пешин бемаънӣ буда, тӯли ду соат ягон масъаларо ҳал накарданд. Танҳо аз нигоҳи иғвоангезӣ суханронӣ карда шуда, аз ҷониби онҳо таъкид гардид, ки гӯё дар Тоҷикистон ваҳдати воқеӣ вуҷуд надошта бошаду ин ваҳдату тинҷии мо дурӯғ бошад. Баъди чунин баромад ба онҳо савол додан мумкин аст, ки онҳо магар кӯр ҳастанд, ки чунин тинҷиву оромии кишварро намебинанд.

Дар рафти барномаҳои мазкур мо шоҳид мешавем, ки дар поёни баромадҳои онҳо нафароне, ки тамошобин мебошанд фикру ақидаҳои худро баён мекунанд, яъне ба истилоҳ “коментария” меависанд. Аз навиштаҳои онҳо маълум мегардад, ки баъзе аз нафарон ба суханҳои ин душманони миллати тоҷик бовар намуда, аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Аз дигар ҷониб бошад, шахсоне ки симои аслии ин хоинонро мешиносанд кӯшиш мекунанд бо навиштаҳои худ ба мардум расонанд, ки инҳо дар ҳақиқат хоин ва як ҷинояткор ҳастанд. Аз ҳамин сабаб байни инҳо якдигарнофҳмӣ ба вуҷуд омада, онҳо нисбати якдигар суханҳои қабеҳ мегӯянд ва бо ҳам душман мегардаднд. Яъне аз ин хулоса намудан мумкин аст, ки натиҷаи ин барномаҳо ҳамин аст, ки аллакай ин хоинони миллат аз зудбоварии баъзе аз ҷавонони мо тавониста истодаанд моро ба ду гурӯҳ тақсим намояд, ки  ин нишонаҳои аввалини ҷанги шаҳрвандӣ буда, гувоҳӣ аз мақсади асосии онҳо мебошад.

Вобаста ба ин, ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир машғул шаванд.

Имрузҳо симои аслии Муҳиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Муҳиддин Кабирӣ аз вақте, ки аьзои собиқ Ҳизби Наҳзати ислом айни замон ТЭТ ҲНИ шуданаш ба ҳалқу ватани худ хиёнат карданро сар кард. Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад.

Нақшаҳои баде, ки Муҳиддин Кабирӣ кашида буд, оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирор шуд. Имрӯзҳо ин хоини миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона дорад. Ӯ инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефурӯшанд.

Вобаста ба ин, ҳамаи мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамеша дар фикри пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз бошем ва ҳаргиз ба суханҳои иғвоангезонаи онҳо фирефта нашавем.

   Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like