Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат

Тарбияи ҷавононро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат дониста, танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷамъияти солим ба миён гузоштаанд.

Тоҷикистон давлати мустақилу соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи инсонҳои дорои дараҷаи баланди ахлоқӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, зебопарастӣ, меҳнаткашӣ, сарфаю сариштакорӣ, масъулиятшиносӣ ва созандаю эҷодкорӣ вобаста аст. Тарбияи чунин инсонҳо вазифаи оила, давлат ва ҷамъият аст.

Чун анъана дар Рӯзи ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони мамлакат мулоқоти самимӣ гузарониданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи таъсиси ҷашни рӯзи ҷавонон, сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии рӯзафзуни онҳо чун такягоҳи боэътимоди давлат, андешаронӣ карда, ҳадафи мулоқотро таҳлили вазъи соҳа, ҳидояти насли оянда дар роҳи созандагию ободонӣ ва илму касбомӯзӣ маънидод намуданд.

Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Президенти мамлакатамон қайд намуданд, ки бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ҷавонон, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Зимни таҳлили дастовардҳои соҳа давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.

“Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем” таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 — сола ташкил медиҳанд. Дар баромади худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалисозии чораҳои мушаххаси роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии бевосита ба ҷавонон дахлдошта, тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат бо роҳи таъсиси стипендия ва ҷоизаҳои гуногун, таъсиси квотаҳо барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар дохил ва хориҷи мамлакат, андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати мамлакат бо даҳҳо кишвари пешрафтаи дунё созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо гардида, ҳоло дар хориҷи кишвар аз ҳисоби бурсияҳои ройгони барои Тоҷикистон ҷудошуда беш аз 40 000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирант ва докторантҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар доираи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии мамлакат соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карда буд, ки ба таҳкими бештари нақши ҷавонон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои онҳо мусоидат намуд.

Тавре ки дар паёми Президенти мамлакат зикр гардид, ғамхории пайваста дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо яке аз муҳимтарин вазифаҳо ба ҳисоб меравад. Таъминоти иҷтимоии ҷавонон, аз ҷумла дастгирии ятимони кулл ва аз оилаҳои камбизоат, ҷавонони имконияташон маҳдуд ва бекор самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муқаррар гардидааст, чунки ин гурӯҳи осебпазир, пеш аз ҳама, ба дастгирии давлат ниёз дорад.

Дар зери фазои оромӣ, сулҳу амонӣ, ободии диёр ба назар мерасад, ки ҳамаи ин шарофати Истиқлолият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима ҳастем. Он дастовардҳое, ки имрӯз насиби мо гаштаанд, бояд дар оянда дучанд гардонида боз рушду камол диҳем. Бо муваффақият дар ҳаёт татбиқ шудани он танҳо дар ҳамон сурат амалӣ мегардад, ки агар мо пайрави Пешвои миллат ва пешбарандаи ҷамъият бошем, гуфтаҳои он касро ҳамчун дастури зиндагонии худ қабул карда, тамоми қуввату маҳорати худро барои пешрафти кишварамон равона созем. Беҳуда нест, ки Президенти ватанамон дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд: “Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерӯи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерӯ метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда”.

Барои дар оянда созанда будан, талаботи замонаро саривақт эҳсос кардан, манфиати миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро ҳимоя ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намудан лозим аст.

Ба ғайр аз кушишу ғайрат ва донишу малака барои аъзои фаъоли ҷамъияти муосир шудан боз ҳаракат, нотарсӣ, боварии комил ба ояндаи дурахшон лозим аст, ки ҳамаи ин хислатҳо барои ҷавонон хос аст.

Аз ҳамин сабаб ояндаи миллат ва кишвари азизамон дар дасти ҷавонон мебошад. Бинобар ин, ҷавонон, бояд пайрави ҳамешагии Пешвои миллатамон дар роҳи бунёдкории Тоҷикистон бошанд.

Мо – тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгор гузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Алиҷонова С.А. – дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДҲБСТ

You might also like