Филми “гурез аз биҳишт” пур аз дурӯғу тӯҳмат аст

Дар замони навини таърихи инсоният рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистии байналмилилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст. Масоҳати фаъолияти ин гуна ташкилотҳо рўз ба рўз ҳудуди кишварҳои алоҳидаро фаро гирифтааст ва хусусияти фаромилӣ ва глобалиро касб намуда истодааст.

Маъмулан, хатари ин зуҳуроти номатлуби замони муосир боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардидааст ва сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ, муноқишаҳои мазҳабӣ гардидааст. Бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи гурўҳҳои террористӣ ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо нафар одами бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоснок мегардад: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ҷолиби қайд аст, ки мутаасифона имрўз бархе аз мардуми кишвари мо аз гумроҳиву нодонӣ пойбанди ақидаҳои дорои ҳадафҳои нопок гардида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав шомил мегарданд.

Дар ин васила боиси афсус аст, ки баъди манъ гардидани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон баъзе аз аъзоёни онҳо ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, аз хориҷи кишвар қарор гирифта, ҳамчун гуреза аз Ватан мехоҳанд бо ҳар  роҳ фазои иттилоотии Тоҷикистонро вайрон созанд. Вале, мо мардуми Тоҷикистон хуб аз хоинии онҳо огоҳӣ дорем ва сад дар сад гуфта метавонем, ки ин хоинон бо омода намудани ҳазорҳо чунин барнома ҳам ба мақсадҳои худ ҳаргиз ноил намегарданд. Зеро симои аслии ин душманони миллат кайҳо фош гардидааст.

Ин навбат аз ҷониби ин гуна бадхоҳони миллат филми кӯтоҳмуддате бо номи “гурез аз биҳишт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд, ки ягон асоси воқеӣ надошта, пур аз дурӯғу сафсата мебошад.

Қаҳрамонҳои филми мазкур чунон суханҳои бофтаю фикр карда баромадаи худро мегӯянд, ки ягон асоси воқеӣ надошта, танҳо зидди Тоҷикистон нигаронида шудааст. Онҳо худ дар хориҷ қарор гирифта, бешармона чунон суханони бадкунандае нисбати Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ягон мантиқ ва ақл рост намеояд. Аз суханронии онҳо худ маълум аст, ки онҳо дар асл хоини миллати тоҷик мебошанд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки моҳи сентябри соли 2015 ин ташкилоти экстремистию террористӣ бо дастури бевоситаи хоҷагони худ ва бо воситаи дастпарвари худ генерал Ҳ.Назарзода нақшаи табаддулоти давлатиро амалӣ карданӣ шуда, ба сулҳу ваҳдату амнияти Тоҷикистон ҳуҷум карданд. Албатта ин кўшиши онҳо саривақт саркўб шуду Тоҷикистони мо аз ин хатари аҷнабӣ наҷот ёфт. Аммо ин амали ТЭТ ҲНИ ба таври қатъӣ маълум кард, ки ин гурўҳ дигар ислоҳ намешавад. Аз ҳамин сабаб, Суди Олӣ маҷбур шуд, ки фаъолияти ин ташкилотро қатъ кунад. Магар барои ин хел кор давлат бояд нисбати ин ташкилот чӣ кор мекард? Ин хоинон дар филми болозикр ҳамин ҳодисаро ҳам инкор намуда истодаанд. Ҳол он ки ба қисми низомӣ даромадан, яроқро аз он ҷо гирифта ба ҳаммаслакони худ тақсим намудани  онҳоро мо  худ аз наворҳои сабтшуда дидаем ва хуб огоҳӣ дорем.

Хулоса, имрӯз онҳо аз худ мусичаи бегуноҳе сохтанианд. Вале онҳо садҳо чунин барнома омода кунанд ҳам ба мақсади нопоки худ намерасанд, зеро аллакай ҳамаи мо ин ватанфурӯшонро хуб мешиносем ва ба онҳо ҳаргиз бовар нахоҳем кард.

Саломов Д. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ

You might also like