Ҳарфи ноаҳлӣ дар паймони хоинон
]Маросими имзои Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби қувваҳои мухолифин ва мамнӯи Тоҷикистон соле пеш дар Варшава ба ном “анҷуман” баргузор гардид, мутаассифона то ба имрӯз “фаъолияти доманадор”-и хешро дар ҷодаи иғвоангезӣ идома дода истодааст.
Нахустин анҷуман, ки дар он имзои “муборак”-и хоинони ватангадо бояд гузошта мешуд, бо як ҳамоиши хандаовар оғоз гардида буд:
Аввал ин ки ин “устодҳои зархариди хориҷӣ” (чун ҳаммаслак надоранд) ба аҳли нишасти ҳамоиш беш аз 20 нафар хурдсолону наврасони 9-15- соларо оварда нишондаанд, ки ба сабаби ташрифи хеш ва муҳтавои ҷамъомад фаҳм ҳам надоранд.
Барандаи ҳамоиш дар рузи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомадагонро бо як ҷумла табрикоти нугизабонӣ намуда, зуд ба ақоиди ғаразноки хеш, ки гувоҳи ботини “рангорангаш ”аст, руҷуъ намуда буданд.
Роҳбари анҷумани ватангадоён Кабирӣ дар маърузааш ҳам сар то по сиёсати имрузаи Тоҷикистонро наҳ мезад, ки гуфтаҳояш ягон далели шайъӣ надоранд. Баръакс, ҳама он муваффақиятҳое, ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарбаланди мо ба даст оварда истодааст, ҳамаро нодида гирифта, сиёсати ҳозираро “зиёновар” ва Тоҷикистонро “кишвари қафомонда” мегӯяд. Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёду дунявиро, ки бо суръати баланд рушду тараққӣ карда истодааст ва роҳбари ғамхори он барои некӯаҳволи халқ шабу рӯз заҳмат мекашад, “кишвари қафомонда”гуфтан камоли бетамизист, ки то кунун ин хислат ба наҳазтиён мерос мондааст.
Намояндагону сарони ин ҷамъиятҳои берун аз кишвар созмондодашуда, аз кори хеш шарм ҳам намедоранд. Охир, Тоҷикистони мо ниёзманди ҷамъиятҳои гуногун нест, зеро мо ҳама аз як гиребон сар баровардаем ва муҳтоҷи “маслиҳатҳои устодони хориҷӣ” нестем, ки аз беандешагӣ беватану бепадаранд. Мо, баръакси шумоён (мухолифини ҷангҷӯ), ду даҳсолаи охир барномаҳои 5-солаю 10-солаеро амалӣ карда истодаем, ки на танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон, балки ба нафъи мардуми ҳамсарҳаду дӯсти хориҷист.
Сарвари мо ҳалли масъалаҳоеро дар Созмонҳои баландмақомтарини олам пеш гузошта истодаанд, ки мардуми олам ниёзманди онанд. Инро ҳам медонем, ки шумоён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ Тоҷикистонро пайваста тамошо мекунед ва ҷойи нишаст намеёбед, зеро Тоҷикистон хеле ободу хуррамзамин гардидааст.
Агар хайрхоҳ бошед, чун мадад карда наметавонед, ба ҳаёти оромонаю зиндагии хушнудонаи мо халал ворид накунед. Дониста бошед, ки ҳар як амали ноҷои шумоёнро халқ намебахшад ва коре накунед, ки чуноне як қисми мардуми Аврупо барои Гитлер (ваҳшонияти ӯ) олмониҳоро бад мебинанд, ояндаҳоятон аз бетамизиҳоятон як умр шарм надоранд.
Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ