Бадхоҳони миллат ҳаргиз ба мақсад намерасанд

Аз расонаҳои хабарии кишвар мо шоҳид гардидем, ки санаи 11 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифт, бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя зимни ин сафари расмӣ бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва дар маҷмуъ зимни сафари расмӣ 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Истиқбол ва ҳам гусели бошукуҳи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишона аз эҳтиром, самимият ва эътимоду боварӣ нисбат ба Сарвари кишвари дӯсту бародар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъди анҷоми сафари расмӣ бо як ҷаҳон таассурот аз меҳмоннавозию инсондӯстии хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии самимии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ватан баргаштанд.

Вале, доир ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз ҷониби душманони миллати тоҷик аз он ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоте паҳн карда шуд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон баъди сафари мазкур ба давлати ҳамсоя заминҳои ноҳияи Мастчоҳро дода бошад. Паҳн кардани чунин як маълумот аз беақлӣ ва бесаводии М.Садриддин гувоҳӣ медиҳад. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки ноҳияи Мастчоҳ чи тавре, ки буд ҳоло ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон қарор дорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин маълумот комилан дурӯғ буда, танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос. Бо нашри чунин маълумотҳо ин хоинони миллат танҳо мехоҳанд мардумро зидди давлат равона намуда, ба фоидаи худ истифода баранд.

Вале, мо сокинони Тоҷикистон  хуб медонем, ки М.Садриддин шахси дурӯғгӯй аст, ҳамаи гапҳои ӯ дурӯғ аст, ӯ фақат манфиати хешро фикр мекунад, на ин ки манфиати халқи тоҷикро. Боварӣ дорем, ки тамоми муҳоҷирони тоҷик низ, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд дурӯғгӯии номбурдаро дарк менамоянд. То ба кай мо, халқи тоҷик дурӯғгӯии М.Садриддинро шунавем, магар ӯ шарм намедорад ва аз дурӯғгӯии худ даст намекашад.

Маҳз бо суханҳои дурӯғгӯии ҳаммаслакони Кабирӣ ва М.Садриддин баъзе аз мардуми тоҷик фирефтаи ин суханҳо гардида, бар зидди давлати худ хиёнат намуданд. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд ин ташаббуси маҳз ТЭТ ҲНИ ва аъзоёнаш буд, ки онҳо аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ истихдом гардида, нисбати давлати худ хиёнат намуданд, ки дар натиҷа ҳамон солҳо дар Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатангез ба вуҷуд омаданд, яъне зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо фавтиданд, наздики 800 ҳазор нафар ҷилои Ватан карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд, ба иқтисодиёти кишвар  беш аз 10 миллиард доллар  хисорот ворид гардид.

Кирдорҳои содирнамудаи ин хоинони миллатро мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Мутаъсифона ҳоло ҳам боқимондаи онҳо аз мақсадҳои худ даст накашида, боз мехоҳад бо суханҳои бардурӯғи хеш халқи тоҷикро зидди давлати худ равона созад. Инҳо нафарони мансабталош, ҳадафҳояш нопок ва дурӯғгӯй мебошанд. Мо, мардуми Тоҷикистон ин хоинони миллатро ҳамчун инсон эътироф намекунем, зеро онҳо дар қатори инсонӣ нест.

Қурбонов Ҳ. – мутахассиси шуъбаи

таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like