Аҷиб, пешравии Тоҷикистон ҳамеша сабаби ғазаби аъзоёни ТЭТ ҲНИ мегардад

Боиси хурсандӣ аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон барқарор шуда, давоми солҳои охир хеле мустаҳкам гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пайвандҳои чандинасраи муштарак ва робитаҳои таърихии мардумони ду кишвари ҳамсоя, барои боз ҳам таҳкими бештари ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дорад.

Дар соли 2018 дар муносибатҳои ду кишвар таҳаввулоти ҷиддие рух дод, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.

Соли 2018 нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он тақрибан ҳамаи масъалаҳои ҳалталаби муносибатҳои дуҷониба ҳаллуфасл шуданд.

Мо мардуми Тоҷикистон умеду боварии комил дорем, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10-11 июни соли равон барои боз ҳам мустаҳкам гардидани риштаи дӯстии ду халқи бародар – тоҷикон ва ӯзбекон мусоидат менамояд.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев буд, ки имрӯзҳо муносибатҳои чандинасраи мардуми тоҷику ӯзбек боз ҳам беҳтар гардида, рафту омад байни ин кишварҳои дӯст барқарор гардидааст.

Мо мардуми Тоҷикистон хурсанд аз он ҳастем, ки солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз ҳам хуб гардида, имконияти аз ҳоли хешу табор ва дигар наздикон дидорбинӣ намудан ба вуҷуд омадааст, ки ин орзӯи қариб ду даҳсолаи шаҳрвандони ҳарду ҷониб буд. Зеро баробари аз байн рафтани давлати шӯравӣ риштаи хешутабории мардуми ҳар ду ҷониб канда шуда, садҳо нафарон ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Ӯзбекистон аз дидори бародарон, хоҳарон ва дигар наздикони худ то дараҷае маҳрум шуданд.

Имрӯзҳо, ки муносибати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хеле хуб гардидааст мо мардуми Тоҷикистон аз ин танҳо сарфарозӣ  намуда, боварии комил дорем, ки баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳо боз ҳам мустаҳкам мегарданд.

Бо боварии том метавон гуфт, ки дӯстии давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намунаи беҳтарин ба ҳисоб рафта, он ҳазорсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт.

Вале, мутаъсифона дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки пешравии Ватан ва хурсандии халқи худро дида наметавонанд.

Яке аз чунин нафарон ин Муҳаммадиқболи Садриддин ба ҳисоб рафта, аз ҷониби номбурда ҳамеша нисбати Тоҷикистон маълумотҳои обрӯи Ватанро пасткунанда дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешаванд.

Ин навбат низ баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон аз ҷониби Муҳаммадиқболи С. санаи 19 июни соли равон дар шабакаи иҷтимоии бо номи “Ислоҳ. нет” маводе нашр намуд, ки гӯё Ҳукумати Тоҷикистон заминҳои ноҳияи Мастчоҳро ба Ӯзбекистон дода бошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ин суханон комилан дурӯғ буда, танҳо хусусияти иғвоангезӣ дораду халос. Зеро худ шоҳид ҳастем, ки ягон ваҷаби ноҳияи Мастчоҳ ба давлати ҳамсоя нагузаштааст. Ин танҳо як маълумоте ҳаст, ки М.Садриддин мехоҳад бо воситаи он дили мардуми Мастчоҳро аз Ҳукумати Тоҷикистон хунук намояд ва онҳоро ба шӯриш нисбати давлат бархезонад. Яъне ба воситаи ин маълумотҳои бардрурӯғ ӯ мехоҳад мардумро ба митинг ва ҷанг даъват намуда, ба манфиати худ, ки мақсади ӯ ва Кабирӣ бо роҳи зӯри ғасби ҳокимият мебошад истифода баранд.

Маврид ба зикр аст, ки тарғиби маводҳои бардуруғи зиддидавлатӣ аз ҷониби ин хоинони миллат бори аввал набуда, онҳо мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистон суханҳои сиёҳкунанда паҳн менамоянд ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати нотинҷ ва давлате, ки дар он қонуният нест муаррифӣ мекунанд.

Мо мардуми Тоҷикистон аллакай кайҳо аз нақшаи ғарази ин хоинони миллат огоҳӣ дорем ва бо боварии том мегӯем, ки ба ин суханони иғвоангезонаи онҳо ҳаргиз бовар нахоҳем кард. Зеро мақсади асосии ин хоинон боз Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрванди кашидан ва бо роҳи ғайриконститутсионӣ ғасби ҳокимият мебошад.

Қосимов З.ассистенти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like