Хаёлҳои хоми Кабирӣ ва тарафдорони ў

Ҷавоб ба мақола таҳти унвони “Кабирӣ: хостори табаддулоти ҳарбӣ дар Тоҷикистон аст ва ё аз қудрат дур кардани Раҳмон бояд стратегияи миллӣ бошад”

Ҳар боре ки мақолаи беасоси дурўғбашараи Кабириро хонам аз рўи мақоли тоҷикӣ “мўйи сарам сих сих рост мешавад”. Ин ашхос чунин гапҳову нақшаҳои иҷронашавандаро аз куҷо бофтаву фикр карда мебароварда бошад.

Дар мақола оварда шудааст: “Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон гуфт, ки аз қудрат дур кардани Эмомалӣ Раҳмон бояд як стратегияи миллӣ бошад”.

Моён хуб медонем, ки Муҳиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обрўву  нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карда истодааст. Худи Кабирӣ бо аъзоёни ба ном Ҳизби назҳати исломӣ,  вале  дар асл ташкилоти террористии наҳзат солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта Тоҷикистони азизи моро ба хоку хун оғўшта карда буд. Маротибаи дуввум Кабирӣ ва ҳамаслаконаш моҳи сентябри 2015 кўшиш карданд, ки Тоҷикистони гул-гулшукуфонро ба хоку хун оғўшта кунанд, аммо халқи бошарафи тоҷик ин гуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохт  ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Ибораи “аз қудрат дур кардани Эмомалӣ Раҳмон бояд як стратегияи миллӣ бошад” маро ба ҳайрат меандозад. Вақто ки  ҳар даъфаи интихобот шаффоф ба тариқӣ райъпурсӣ аз ҷониби халқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб карда мешавад.

Мо – халқи тоҷик  нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти миллату давлат хуб медонанд ва обрӯву эътибори абардмардӣ бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ,  ки аз ҷониби  сиёсатмадорони   ҷаҳон пазируфта шудааст.  Бояд  ба таърихи ҳаёти мардум ва вазъияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, илмӣ назар андохта, пас метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишварҳои мо чи гуна вазъият доштаанд ва имрўз онҳо шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихиро дарк карда истодаанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Шумоён Кабирӣ бо аъзоён   ва тарафдорони худ чӣ кори хайре барои халқи тоҷик кардаед ва чӣ кор аз дасти чунин хоинон меояд, ки Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дорои маҳбубияти хоса байни мардуми мамлакат аст ва шахсият, фаъолият, хидматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рўшан аст.

Барои чӣ  Кабирӣ “аз қудрат дур кардани Эмомалӣ Раҳмон бояд як стратегияи миллӣ бошад” – мегўяд.  Аз куҷо ин бадкориву бадбинии дар ҷисми ин гурӯҳи хиёнатгарону, ватанфурӯшон ҷо шудааст.

Халқи тоҷик нағз дарк мекунад, ки  Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Ин ҳама шоҳиди он, ки ӯро халқ дӯст медорад ва “аз қудрат дур карданӣ не, чаро ки ў падари ғамхори миллат мебошад. Кабирӣ бо аъзоёни худ ҳеҷ гоҳ бо кадом роҳе набошад ҳокимияти сиёсиро ба даст гирифта наметавонад. Мо, ҳалқи тоҷик, мардуми Тоҷикистони биҳишти рўи замин муқобили Кабирӣ ва аъзоёну  тарафдорони ў. Чунин стратегияҳои дурўғу пуч имрўз кор намеояд. Мардуми тоҷик имрўз бедор ва дўсту душмани худро нағз медонад. Ин кирдору рафтори Кабирӣ, ТЭТ ҲНИ маҳкум мекунем. Хаёлҳои хом.

                                                  Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедри забони русии ДДҲБСТ

You might also like