Андешаҳои ноҷавонмардонаи Кабирӣ

Ҳамасола  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъоли кишвар мулоқоти судмандро анҷом медиҳанд ва имсол низ ин вохўрии сатҳи баланд санаи 21 майи соли 2021 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Мулоқоти баргузоргардида, бо ҷавонони фаъоли кишвар дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Бояд қайд намуд, ки мулоқоти навбатии Роҳбари давлат бо тариқи ошкоро ва самимӣ сурат гирифт.

Аз чи сабаб бошад, ки боз ҳам ҳамон мухолифин бо роҳбарии Кабирӣ мулоқоти навбатиро нодида гирифта, онро бе ҳадаф ҳисобида, намоишномаи театрикунонида шуда ном бурдааст.  Оё Кабирӣ хабар дошта бошад, ки ҷавонони саодатманди кишвар мушкилоти зиёде дошта бошанду ў ба онҳо дасти мадад дароз карда метавониста бошад. Ҳаргиз не. Ин андешаҳои иғвогаронаи навбатии Кабирӣ мебошад.

Ҷавонони ба нангу номуси кишвар сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти хеш намуда, Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо менамоянд. Мухолифини дар хориҷи кишвар бо ҳидоятҳои хоҷагони хориҷии худ зери парда паноҳгоҳ ҷуста ҳолу аҳволи ҷавонони Тоҷикистонро аз куҷо медонад ва то чи андоза бохабар аст.

Банда як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти навбатии Роҳбари давлатро бо ҷавонони бо нангу номуси кишвар ба воситаи оинаи нилгун се маротиба тамошо ва гўш намудам ва ба худ як ҷаҳон маънӣ бардоштам. Он таҳлиле, ки мухолифин дар самти маориф намудааст хтои маҳз мебошад. Ҳанўз солҳои 90-уми асри гузашта аз дасти нобакоронаи мухолифини тоҷик қариб буд, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон нест шавад.

Бо оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро мухолифин қариб буд ба вартаи ҳалокат барад. Ин қадар ободиву шукуфоие, ки дар тўли сӣ сол бо роҳбарии Пешвои миллат ба анҷом расонида шудааст онро нодида гирифтан ин хатои бузурги нобахшиданӣ дар назди давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Шумо мухолифини гурезаи забондароз, ки андешаҳои ноҷавонмардонаи худро беинсофона нисбати Роҳбари давлат раво дидаед ин андешаҳоихоинонаатонро миллат нахоҳад бахшид.

Бояд қайд намуд, ки барои чи ҷавонони кишвар нисбати мушкилоташон ба Кабирӣ муроҷит накардаанд ва ё аз ў кўмак напурсидаанд. Ин аз он далолат мекунад, ки ҷавонони Тоҷикистон пайравони Пешвои миллат мебошанд.

Мирзоев А.Н. – муаллими калони

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like