Бозиҳои душманона
Имрӯзҳо дар замони муосир якчанд омилҳо ба давлат ва халқ таъсирҳои мусбӣ ва манфӣ мерасонанд ва феълан таъсирҳои мусбӣ бисёр аст, аммо таъсирҳои манфӣ низ кам нестанд, ки сулҳу суботи дохилии моро халалдор созанд. Давлат барои таъмини оромию тинҷӣ чораҳо ва таблиғотҳо меандешад, ки мо ҷавонон аз он хабардор бошем, алалхусус яке аз ин чорабиниҳо ин намоиши силсила филмҳо мебошад, ки дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” аз амалу фаъолиятҳои манфуронаи яке аз таблиғгарони наҳзатӣ Муҳаммадиқболи Садриддин сухан меравад. Ин шахс аз фаъолияти ҷиноии худ ва наҳзатиёнаш нашармида худро қаҳрамони сулҳу ваҳдат меҳисобанд, аммо онҳо саркардаи ҷангу низои дохилӣ ҳастанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин ба воситаи сомонаи “Ислоҳ.нет” мардумро фиреб дода, ҳаргуна маводҳои фейкиро доир ба ҳаёту фаъолияти Президенти мамлакат ва ҳодисаву равандҳои сиёсии дохилиро бар нигоҳи кӯр-кӯронаи худ таҳлил мекунад, ки аз ин бояд тамоми мардум бохабар бошанд. Айни ҳол мардум дигар ба фаъолияти Муҳаммадиқболи Садриддин боварӣ надоранд ва онҳо танҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ютубканалҳои худ подписчик мекобанд, то аз қафои онҳо назди спонспорони худ забондароз бошанд.
Дигар бозингарӣ ин бозиҳо Кабирӣ мебошад ва хандаовар аст, ки Кабирӣ аз хориҷи мамлакат истода худро “Президент” ва Муҳаммадиқболи Садриддинро “сарвазир” таъин намуд. Дар ҳақиқат хандаи кас ба ин меояд. Ба гуфти чандин тан қумондонҳои афғонӣ Муҳаммадиқболи Садриддин марди ҳақиқӣ набуда, балки бо амалҳои ғайриахлоқона машғул шудааст! Замоне, ки ҳамроҳи падараш дар Аврупо (Муҳаммадиқболи Садриддин дар Фаронса-Париж сокин ва падараш бошад дар Полша) муқим буд дар ҷанозаи падари худ ширкат наварзида, тариқи телефон бо ӯ Худо ҳофизӣ кардааст. Ин гуна амалро аз устоди наҳзатиаш Кабирӣ омӯхтааст, зеро ки Кабирӣ ҳам дар замоне тариқи телефон намози ҷанозаи модари худро хондааст. Нафароне, ки барои падару модари худ хизмат накардаанду дар рӯзи мотами волидайни худ ширкат наварзидаанд, то куҷо метавонанд барои мардум ва давлати худ хизмат кунанд.
Абдуллоев М.М. – муаллими калони
кафедраи андоз ва андозбандӣ ДДҲБСТ