Хоини давлат ҳуқуқи сухан гуфтан надорад
Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ мехоҳанд бо суханони иғвоангез дар байни ҷавонону наврасон кинаву адоват бар зидди Президент ва давлати Тоҷикистон барангезанд. Мақсади Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ин ғасб кардани ҳокимият аст, барои наҳзатиён фарқе нест ин мақсад ҷони чандин ҳазор ё миллион нафар қурбонӣ кунад. Дар мусоҳиба бо як ҳамдехаи Муҳиддин Кабирӣ, дар солҳои аввали ба саҳнаи сиёсат баромадани Мухидин Кабирӣ нисбат ба ӯ ҳамчун як фарди ҷомеа ва созанда назари мусбӣ дошт. Дар баробари гузашти солҳо тавоно ва кудратманд шудани ӯ ва аъзои оилаи онхоро дида ба ҳайрат меафтидам ва фикр мекардам, ки ин фарзанди деҳкони оддӣ дар як муддати кӯтоҳ чӣ гуна сарватманд шудааст. Зеро ки ҳамаи мо сокинони дехаи Қасамдараи нохияи Файзобод ба мисли ӯ фарзанди афроди оддӣ будем ва оддӣ мондаем. Солҳои охир пеш аз фирор кардани Мухидин Кабирӣ ва наздикону пайравони эшон сармоя ва дову дастгохи уро дида ба хайрат меафтодем. Харидори намудани замини богу рог ва кишоварзи, фермаи чорводори, техникаву дастгоххои як хочаги, корхонаи асфалтбарори, мошинхои бохашамат, бинохои истикомати, ширкати сохтмони барои як нафар, ки худро сиёсатмадор нишон медод ва бо фаъолияти соибкори ном набаровардааст, кори осон нест.
Мухидин Кабириӣ бо дидани сармояи зиёд худро аз дигарон боаклтар ва ҳатто аз давлат донотар шуморид. Дар баробари ошкор шудани симои аслии Мухидин Кабирӣ сарчашмаи маблағгузории ҳизби ӯ ошкор шуд. Имрӯзхо симои аслии Мухиддин Кабирӣ маълум ва мардуми Тоҷикистон ӯро хамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Кабирӣ аз вакте, ки аъзои собиқ ҳизби назхат айни замон ТЭТ ХНИ шуданаш ба халку ватани худ хиёнат карданро низ сар кард.
Ман як нафар сокини дехаи Касамдараи нохияи Файзобод ин ашхосро ва ахли оилаи онхоро ба хуби мешиносам. Мухиддин Кабири муддати якчанд сол аст, ки мардуми Точикистонро осуда зиндаги кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш обурую нуфузи Точикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ паст карда истодааст. Ӯ бо аъзоёни ба ном Хизби наҳзати исломӣ аммо дар асл ташкилоти террористии ифротӣ солхои 90-уми асри гузашта як маротиба халки точикро бо хам чанг андохта Точикистони азизи моро ба хоку хун огушта карда буданд. Маротибаи дуюм Кабирӣ ва хамаслаконаш мохи сентябри 2015 кушиш карданд, ки Точикистони гуг-гул шукуфта истодаро ба хоку хун огушта кунанд, аммо халки бошарафи точик ингуна ашхоси нокасу палидро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онхо намеафтанд.
Сиёсати давлатии ҷавонон дар зери назари давлату Ҳукумат ва шахсан Президент қарор дорад. Маҳз ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ аксар ҷавонони ноогоҳи моро фиреб карда, ба сафи ДОИШ-у Алқоида ҳамроҳ намуданд. Дар тӯли мавҷудияти худ ТЭТ ҲНИ ба чанд нафар ҷавонону наврасон, донишҷӯёну варзишгарони давлати мо кӯмак намуд? Хулоса мардуми Тоҷикистон махсусан ҷавонону донишҷӯён ва муқобили ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ ҳастанд
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ