Ҷавоб ба иғвогарони наҳзатӣ!
Исломиддин Содиров ном нафақахӯр бо мақолае ба Пешвои миллат муроҷиат намудааст. Албатта ҳар кас ҳақ дорад ба Президенти кишвар муроҷиат намояд. Вале ҳеҷ кас ҳақ надорад таҳқиру дашномро нисбати касе истифода барад. Давлатдорӣ кори осону содда нест. Албатта он ҷое, ки кор мешавад камбудӣ ҳам мешавад. Мавлавӣ мегӯяд:
Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,
Гузар аз пӯст то мағз бинӣ.
Агар бо назари некбинона нигаҳ кунем дар тӯли наздик 30-сол Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон хеле корҳои муҳим ва асосиро анҷом доданд ва анҷом додаистодаанд. Дар диёри азизи мо маҳз тавассути Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ, Президенти мӯҳтарам Имомалӣ Раҳмон сулҳу осоиштагӣ пойдор шуд. Тамоми гурезаҳо ба Ватан оварда шуда бо ҷои кори муносиб ва маъоши хуб таъмин карда шуданд. Рӯз аз рӯз Ватани азизи мо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо шудаистодааст. Корхонаҳои бузурги саноатӣ кушода шудаистодааст. Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Имомалӣ Раҳмон кишвари мо аз бемории ҳамагир халос шуд ва зиндагии осоишта доранд. Маҳз ҳамин осоиштагии мардумро душманони миллати мо намехоҳанд.
Нафақахӯре дар навиштааш зикр намудааст, ки Иззат Амон ном шахсро гӯё дуздида ба Тоҷикистон овардаанд. Аввал ин ки шахс пулу мол нест, ки дузданд. Дуввум ин ки Тоҷикистон давлати демократӣ ва дунявӣ аст, ки онро тамоми давлатҳои дунё эътироф намудаанд. Агар касе бар хилофи қонун рафтор намояд ӯ тибқи қонун ҷавоб медиҳад. Шояд Иззат Амон ҳам бар хилофи қонун ягон амали ноҷо карда бошад. Гунаҳгор ё бегуноҳ будани ӯро қонун муайян мекунад. Агар гунаҳгор бошад тибқи қонун ҷазо мегирад ва агар бегуноҳ бошад ӯро ҷавоб медиҳанд. Мо ҳақ надорем аз худамон нисбати касе ҳукм барорем. Мегӯянд, ки Иззат Амон қаллоб аст. Қаллобии ӯро низ суд муайян хоҳад кард. Ҳизби наҳзат ва гурӯҳи 24-ро қонун исбот кардааст, ки амалҳояшон бар зидди давлат мебошад, бинобар ин фаъолияти ин ҳизбҳо дар Тоҷикистон манъ шудааст. Мо касонеро, ки зидди давлати мо суханҳои ноҷо мегӯянд маҳкум мекунем.
Мирниёзов А.Қ. – муаллими калони
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ