Муқовимати шаҳрвандӣ зидди ифротгароӣ ва қаллобӣ
Ба тамоми масъалаҳое, ки дар шабакаҳои интернет мавриди муҳокима қарор дода мешаванд, мо бояд аз нигоҳи воқеият ва қонун баҳо дода, фирефтаи ташвиқоту тарғиботи бегонапарастон ва иғвогарон нашавем. Ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад. Чунки аксарияти кўшишҳои ноором сохтани ҳаёти ҷомеа аз омўзиш ва таҳлили мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз барпо кардани шароити мусоид барои ҷалби аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон ба муҳокимаи хабару иттилооти бардуруғ оид ба мавзўи осебпазир ва ниҳоят бедор кардани ҳисси нобоварии онҳо нисбати қонун ва сохторҳои расмӣ, ки ҳадафи ниҳоиро амалисозии нақшаҳои нопоки ифротиён ва сарпарастони онҳо ташкил медиҳанд, оғоз мешавад.
Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар андешида шудани чораҳои қатъии муқовимат зидди ҷиноят ва ҷинояткорӣ, аз ҷумла баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва манфиати ҳамватанони берунмарзии мо, ҷинояткорон ва ифротиёнро ҳатто дар хориҷи кишвар ором намегузорад. Аз ин рў, ҷонибдорони ашхоси ҷиноятпеша бо тарғибу ташвиқоти ғалати ин ё он зуҳуроти иҷтимоӣ (ки аксарияти онҳо сунъӣ ва сохтакорӣ аст) ҳамчун зинаи навбатии таъсиррасонии мафкуравию руҳӣ ба шуур, ирода ё нисбати фикрронии гуруҳи муайяни аҳолӣ, хусуан муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз кардаанд. Бо истифодаи нуқтаҳои ҳассос ва осебпазир дар вуҷуди шахси алоҳида, хусусан гуруҳи муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳи тарғибот ва ташвиқоти ғалат, ё намоишдиҳии сенарияи пешакӣ омодашудаи зиддиҳукуматӣ, бо пайдарҳамӣ аз руи барномаҳои хосаи сарпарастони худ, ҷудоиандозӣ, бадбинӣ ё ҳисси норозигӣ, кина ва адоватро бедор ё фаъол карданианд. Дар ҳамин замина шахсоне, ки дар хориҷи кишвар оид ба душвориҳои иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар муҳокимаронӣ иштирок мекунанд, ба доираи диққати низопарастон афтода, аз ҷониби ба ном ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҷонибдорӣ бо маблағгузорӣ ҳавасманд карда мешаванд. Онҳо ба иҷрои корҳои ба ном «ҷамъиятӣ, эҳсонкорӣ, хайрия» ё амалисозии лоиҳаи муайяни монади «Маркази тоҷикон» ҷалб мешаванд. Вазифаи аксарияти онҳо ҳавасмандсозӣ, даъват ва бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла зери парди дастгирии муҳоҷирони ҳамватан, шомил кардан ба сохторҳои экстремистӣ ва террористӣ аст, ки тарғиботи “ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳантӣ, кору таҳсилоти дастрасро” истифода намуда, бо роҳи фиреб ситонидани маблағро роҳандозӣ мекунанд.
Бинобар ин, нафароне, ки фаъолияти «Маркази тоҷикон»-ро, ки аз тарафи И.Амон ба таври пардапўшона барои аз худ кардани кўмакҳои молии муҳоҷирон истифода кардааст, дар шабакаи интернет бо мушкилиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ обуранг дода, ҳақ нишон медиҳанд, то ҳол сарфаҳм намераванд ва дақиқ намедонад, ки ин ҷиҳатҳои осебпазири муҳоҷирони меҳнатиро тарафдори равияи «ТЭТ ҲНИ», «Гурӯҳи 24» барин ифротиён, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъол кардани қувваҳои экстремистӣ мусоид ва мувофиқ карда, ба барангехтани низои навбатӣ равона карда истодаанд. Чунин шахсони ба монанди И.Амон, ки бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ зери пардаи ҳалли мушкилоти шаҳрвандони муҳоҷири тоҷик «Маркази тоҷикон»-ро барои сарватғундорӣ истифода ва дар хориҷи кишвар байни муҳоҷирон тарафдорони худро пайдо кардааст. Акнун М.Кабирӣ ва думравони вай, ки пушти ниқоб ва ё бо тахаллусу номҳои сунъӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноилоҷӣ садо баланд мекунад, бо баҳонаи дастгирии қаллобии И.Амон зарурати амалигардонии ниятҳои ғаразноки худро, ки муқобили мардуми кишвар аст, асоснок менамояд, то ки кирдорҳои зишти экстремистӣ ва террористии содиркардаи онҳоро мо зуд ба фаромўши диҳем, бо тарғиботи думравони ифротиён ба ғафлат фурў равем.
Ҳамин тариқ, хабарҳои паҳнкардаистодаи саркардагони ифротӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки хоинони миллат, ки аз ниятҳои ғаразнок ва зишти худ даст накашидаанд, бо дастгирии қувваҳои моҷароҷў, кинаву алами худро ба ҳақиқат монанд карданӣ мешаванд.
Бинобар ин, ҳангоми муҳокимаи ин мавзўъ омилҳои номбаршуда набояд сарфи назар карда шаванд.
Раҳматулоев А.Э. – устоди кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ