Кабирӣ – тарғибгари кинаву адовати миллӣ

Муҳиддин Кабирӣ ба халқу ватани худ хиёнат карданро аз сари нав оғоз кардааст. Кабирӣ муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намемонад ва аз хориҷа истода обрӯи нуфузи Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғи бемаънияш дар арсаи ҷаҳонӣ паст кардан мехоҳад. Новобаста аз таҷдиду ҳаракатҳои собиқ ТЭТ ҲНИ итминон дорем, ки ваҳдату якдилӣ ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бе бозгашт буда, халқи мо бо азму талошҳои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоати Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад.

Имрӯз он дасисабозиҳои хоинони миллат, ки нисбати халқи мо мекунад ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад. Беҳуда бузургон нагуфтаанд: Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасанд. Тавре ҳамаи мо иттилоъ дорем собиқ раиси ҳизби наҳзат, Муҳиддин Кабирӣ чанд маротиба аст, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гӯё гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом дода истодааст. Кабирӣ дар суханронии навбатиаш аз вохурии Пешвои миллат бо ҷавонон кинагирӣ намуда, ин ҷамъомадро сохтаву театркунонидашуда  номид. Чунин баҳогузории Кабирӣ ба ин ҷамъомад табиист, барои он ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ вақт дар хусуси пешравии фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон сухан намегуянд. Умуман аз суханрониҳои Кабирӣ бараъло эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум мебошад. Ӯ мехоҳад, ки таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи ҳизби наҳзатро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзид.

Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд. Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Мутаассифона имрўз роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ дар хориҷи мамлакат қарор гирифта тавассути сомонаҳои интернетӣ ба бадномкунии миллати худ машғул аст. Ҳаммаслакони ў аз пешравиҳои мамлакатамон озурда хотир гардида, пайваста ба бўҳтону дурўғ машғул аст.  Наҳзатиҳо ягон вақт дар фикри пешрафти кишвар набуданду нестанд. Дигар ба касе пўшида нест, ки наҳзатиҳо ҳамарўза бо васвасаи шайтон ба бўҳтону дурўғ машғул мешаванд ва бо сарпарастии хоҷагони хориҷиашон ба бадномкунию гурўҳбозӣ овораанд.

Аллакай мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат амалу фаъолияташ фақат халалдоркунии мафкурии ҷомеа ва ноором кардани фазои орому осудаи мамлакат аст. Аз ин рў ҳар як мардуми ватандўсту худогоҳи миллати тоҷик фаъолияти Кабирӣ ва ҳаммаслакони ўро дар хориҷа шадидан маҳкум мекунад.

Барои ҳар яки мо сулҳу орому, ваҳдату истиқлолият азизтарин неъмати рўи замин аст. Ҳар лаҳзаи шукри ин ободиву сарсабзӣ, тинҷию оромии мамлакати худро менамоем.

Ҳеҷ гоҳ дигар мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои Кабирӣ бовар намекунанд ва фаъолияти ўро дар хориҷи мамлакат фаъолияти душманона ва ғайриинсонона медонанд.

Латипов С.У. – ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like