Мақсадҳои ношоистаи ТЭТ ҲНИ

Тибқи расонаҳои расмӣ бинобар риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати ислом, ки онро Муҳиддин Кабирӣ сарварӣ менамояд, ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон карда шудааст. Яке аз амалҳон ношоистаи ин ҳизб дар он аст, ки бо дигар ташкилотҳои экстиримистӣ, аз он ҷумла, “ДОИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Салафия” ва “Ҳизбут-таҳрир”, ки дар ҷаҳон онҳоро маҳкум медоранд, фаъолияти дуҷониба бурда баҳри нооромии кишварҳои Осиёи Марказӣ корбарӣ менамояд.

Бинобар, он ки ҲНИ ҳамчун ташкилоти ифротӣ эълон гардидан пешина роҳбар Муҳиддин Кабирӣ ташкилоти нави бо номи Паймони миллии Тоҷикистон таъсис дод, ки фурсате нагузашта ин ҳам ба ТТЭ дохил карда шуд. Умуман, вақтҳои охир созмони ПМТ аз ҳар гўшаи канори ҷаҳон тариқи расонаҳои интернетӣ баромадҳо намуда гўё барои пешбурди фаъолият ва дар оянда рушди кишвар эътирозҳояшонро баён менамоянд. Мутаасифона эътирозҳои онҳо беасос буда ва аксарияти маврид бардурўғ мебошанд, ки мардуми смиллати тоҷик инро аллакай ҳис намудаанд. Дар баробари ин низ оиди ин созмони ПМТ низ кишварҳои хориҷи низ хулосабрдорӣ намуда истода фаъолияти ин созмонро маҳкум намуда истодаанд.

Мутаасифона, М.Кабирӣ аз ҳаргуна минбарҳо ва ҷамъомадҳо баромад намуда нисбати Тоҷикистон ҳаргуна гапҳои бардурўғро паҳн намуда тариқи онлайни мардумро ба митингу инқилоб даъват менамояд, ҳол он ки худ дар хориҷа гуреза шуда маблағҳои бо фиребу найранг бадастовардааш кайфу сафо дорад.

Инчунин, рафтори ношоистаии М.Кабириро низ таъхир кардан зарур аст, ки як гурўҳи мардуми оддӣ ба гуфтаҳою ваъдаҳои бардурўғ бовар карда ба хориҷа раҳгум мезананд ва бо роҳи маҷбурӣ ба ҳаргуна ТТЭ ба дом меафтанд.

Тасдиқкунандаи ин гуфтаҳо, ин изҳори сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ оид ба мубориза ба терроризм мебошад, ки айни ҳол ҳазорҳо ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҳоло ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзат. – Шарҳи АМИТ «Ховар) дар «он сӯи Ому» ҳузур доранд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кору кирдори М.Какбирӣ ношиста буда то ҳатто дигар давлатҳо низ онро таъхир менамоянд.

Бароои ин мо ҷавоноро нагузорем, ки ба ин дом фирефта шаванду ва ба бадномию гуреза шуда дар дигар давлатҳои хориҷа беному нишон ғайб зананд.

Орипов А.А. – н.и.и., дотсент, декани

факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ

You might also like