Обод агар намекунӣ…

Чанд рўзи охир овозаҳои бисёр дар бораи баргардонидани як шахрванди Тоҷикистон аз Федератсия Россия шунида мешавад. Инҷо саволе пайдо мешавад,ки ин шахс кист ва чи кор мекард, ки дар борааш  мардум сухан мегўянд? Номаш Иззат Амон будасту ва он кас гуё ки ба мисли Робин Гуд ба муҳоҷирони меҳнати ёрдам мекардасту ва онҳо ба ин шахс боварии сахт доштаанд…

Пеш аз ҳама мехостам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва  шахсан ба Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён намоям, ки  сиёсати пешгирифтаи худро дар ҳамаи самтҳо амалӣ карда истодаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 178 давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ дорад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон   мардуми кишвар бе ягон муаммо метавонад ба 178 давлати дунё рафта кору фаъолият намояд.

Ман шахсан  ба якчанд давлатҳои ҷаҳон сафар намудаам ва дар куҷое набошам аз ман оид ба таърих,фарҳанг ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат пурсон мешуданд ва баъд аз посухи ман оид ба пешрафт ва рушди босуботи кишвар  дар ҳайрат мемонданд ва аҳсан ба Пешвои мо мегуфтанд,ки ман аз ин ифтихор мекардам.  Бояд қайд намуд, ки бо ташаббусу пешниҳоди Президенти Тоҷикистон аз минбари СММ оид ба муаммоҳои глобалии  самаранок истифода бурдани Оби тоза,ҳифзи муҳити зист, ки аз тарафи ин созмони бонуфуз дастгирӣ ёфт боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад ва ин иқдомҳо шаҳодати он аст,ки  сиёсати пешгирифтаи мо дар роҳи дуруст қарор дорад ва мо миллати созандаву ободкор ҳастем ва таҳти роҳбарии Президенти худ  ба дастовардҳои назаррасе ноил хоҳем шуд.

Бояд зикр намуд,ки  мо дар шароити иқтисоди бозоргони зиндагӣ мекунем ва ҳар нафар бояд фақат ба донишу малакаи худ  такя намояд. Ҷомеаи имрўза хело пеш рафтааст ва ҳар шахс метавонад вобаста ба қудрат ва тавоноиаш дар кучое хоҳад кор ва фаъолият намояд.Тоҷикистон имрўз қодир аст шаҳрвандони худро бо кор таъмин намояд,аммо қишри муйяни мардум мехоҳанд берун аз кишвар кор ва фаъолият намоянд,ки ин ҳуқуқи шаҳрвандии онҳост ва ин таҷриба дар тамоми давлатҳои ҷаҳон як падидаи маъмул аст. Сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст  ва то ба андозае пеши  ин раванд гирифта шуда истодааст. Бояд қайд намуд,ки  дар соли равон корхонаҳои зиёде таъсис дода шуд,ки ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон муҳайё гардид.  Бемории сироятии COVID-19   ба тамоми дунё нишон дод ки ҳар миллату давлат метавонад  факат ба қудрату тавоноии худ умед бандад.Бинобар он моро зарур аст,ки дар атрофи Пешвои миллат аҳлона ҷамъ гардида сиёсати хирадмандонаи он касро пиёда намоем ва барои рушди босуботи ин кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Аммо шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки обрўву нуфузӣ ин миллатро барои андак фоидае ба замин мерезонанд ва чунин  шахс Иззат Амон мебошад, ки аз фурсати мувофиқ истифода бурда, гуё ки ба муҳоҷирон ёрдам медиҳад, аммо максади асоси ин шахс муҳоҷирони меҳнатиро фиреб дода пулашонро кашида гирифтан мебошад.  Ҳоло дар интернет мехонам ки гуё Иззат Амон ба муҳоҷирон ёрдам медод. Ҳар як ёрдам бо пул вобастагӣ дорад. Аз кадом ҳисоб ёрдам медод? Бо роҳи фиреб пули муҳоҷиронро мегирифт ва як кисми пулро  барои ҳал кардани муаммои муҳоҷирон сарф менамуд ва боқимонда  пулҳоро ба ҷайби худ мезад.  Боз як чизе муҳим он мебошад , ки  ин дастгирии фаъолияти  ТЭТ ҲНИ ва “Гуруҳи 24” аз тарафи Иззат Амон мебошад.  Наход ту ба халки худ ва ба Ватани худ бадӣ мехохӣ. Мо беҳтарин давлат дорем, пешравии ин давлати моро дар тамоми дунё эътироф кардаанд  ва мисли ту ва М.Кабирӣ барин нафарон намехоханд, ки дар Тоҷикистони азиз тинҷию оромӣ поянда бошад.  Ҳоло аз номи ҳазорон муҳоҷирон гуё, ки баромад мекунӣ, лекин мо миллионҳо Тоҷикистониён ҳеҷ вақт рафтори туро дастгирӣ намекунем ва доимо сиёсати Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда дар паҳлуи Президент сарҷамъ мешавем!

Дар охир ба Иззат Амон ва шахсиятҳои ба он хамақида муроҷиат карда мегўем:

Обод агар намекунӣ,

Вайрон макун моро…!

Туразода Ҷ.А.дотсенти кафедраи

иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like