Баҳси марзиву ҳудудӣ бояд ҳал гардад
Вокуниш ба мақолаи «Паём.нет» таҳти унвони “Раҳмон гуфт масъалаи ивази Ворух ҳеҷ гоҳ баҳс нашудааст”.
Пас аз хондани мақола таҳти унвони “Раҳмон гуфт масъалаи ивази Ворух ҳеҷ гоҳ баҳс нашудааст” маълум шуд, ки ба масълаҳои наздисарҳадӣ ТЭТ ҲНИ ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, дахолат карда истодаанд..
Дар мақола қайд шудааст, гӯё “Билохира, пас аз интизории дуҳафтаина, мардуми кишвар посухи расмии мақомоти Тоҷикистонро ба пешниҳоди ҷониби Қирғизистон дар бораи иваз кардани Ворух шуд. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мулоқоташ бо сокинони ҷамоати Ворухи Исфара гуфт, ки дар ҳеҷ давраи музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марзӣ давлатӣ, масъалаи иваз кардани Ворух баҳс нашудааст ва намешавад. Аммо дар бораи заминҳои ғасбшудаи ин ҷамоъат аз ҷониби қирғизҳо ҳарфе назад. Боз ҳамон найрангу ҷангҷӯёнаи душманони Тоҷикистони азизамон. Хоинони давлату халқи тоҷик мехоҳанд ба ҳар роҳҳои ношуданиву ногуфтани ҷангу ҷидол байни дӯстон барангезонад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд намуданд, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад».
Боз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ намуданд, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо дарназардошти манфиатҳои дуҷониба, яъне Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла ҷамоати Ворухи Исфара ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд». Халқ тоҷик ё аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷгоҳ Ворух ва дигар заминҳоро ба касе намедиҳад ва нахоҳад дод.
Халқи бо нангу номуси ҷамоати Ворухи Исфара таҳаммулиро пеша гирифта, ба Пешвои миллат такя намуда, намугузоранд, ки як ваҷаб хоки сарзамини тоҷикон ба касе дода намешавад» ва баҳсҳои сарҳадӣ Тоҷикистон ва Қирғизистонро ба манфиати ҳарду давлат ҳалли худро бояд ёбад ва дасисаҳои душманон ва хоинон аз байн раванд.
Ҳаракатҳои ТТЭ ҲНИ ва Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум менамоем ва ба амалиётҳои онҳо эътибор ҳам набояд дод.
Мо аминем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ намегузоранд, халқи тоҷдори тоҷик заҳмат кашад, хору зор шавад.
Мо бо Пешвои миллат масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ аз миён бардошта, душманонро решакан менамоем. Лаънат ба ташкилкунандагони чунин моҷро ва дахолати онҳо ба чунин масъалаҳои баҳснок!
Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони русии ДДҲБСТ