Иззат Амон одамрабоӣ нашуда дастгир карда шудааст

Моҳияти одамрабоӣ мутобиқи моддаи 130 КҶ ҶТ – ин яъне пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс мебошад, ки дар амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ин амал дида намешавад.

Аммо бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Россия Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо қарори прокуратураи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз Россия ронда шудааст. Аз соли 1996 шаҳрвандии Россияро дошт, вале шиносномаи ӯ аз тарафи худи Федератсияи Россия беэътибор эълон карда шудааст.

Холов И.А., ки раиси Маркази тоҷикон дар шаҳри Москва буд пайваста сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард. Мақомоти интизомии Москва дафтари Маркази тоҷиконро бо баҳонаи “ҷустуҷӯи адабиёти ифротгароёна” тафтиш карда буданд. Инчунин ў бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро гирифта аз худ кардааст. Ба ѓайр аз ин прокуратураи Москва низ алайҳи Холов Изатулло Амонович, тибқи моддаи 18.10, қисми 2 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Россия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оѓоз намудааст, ки ин ҳолат аз фаъолияти ғайриқонунии меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад, ки патент ё иҷозатномаи корӣ надоранд.

Бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан низ бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда гирифтааст. Холов И.А. дар амали тафтишӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кўмаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.

Холов И.А. маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф карда, ба шаҳрванд Шарипов Б. зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Мувофиқи нишондоди Шарипов Бобоҷон — Холов И.А. ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулиро гирифта, аз худ намудааст.

Бинобар қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ. 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Вақте, ки ўро аз Москва меронанд, шиносномаи ӯ аз тарафи худи Федератсияи Россия беэътибор эълон карда мешавад дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастгир, ва ба ҳабси пешакӣ мегиранд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз барои чӣ Муҳитдин Кабирӣ бо номи сохтаи худ «Исломиддин Садиров» ки равияи «ТЭТ ҲНИ ва» «Гуруҳи 24» роҳбарӣ мекунад тарафдории Холов И.А.- ро дорад, ки шубҳаовар аст.

Кабирзода Г.Қ. – омўзгори кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like