Ҳамсоя бояд замину муқаддасоти моро эҳтиром кунад
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ сулҳу амният ва эҳтироми арзишҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар ҷои аввал мегузорад. Аммо ба ин ҳама эҳтироми мо давлати ҳамсояи қирғиз ранги пешин амали сарҳадшикании худро идома медиҳад.
Ин амали иғвоангезонаи сокини ҷумҳурии ҳамсоя нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Айни замон маҷруҳон дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.
Бо ҳадафи пешгирӣ намудан аз корҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳонида шуд, ки минтақаи мазкур замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мо, ҷомеаи Тоҷикистон боварии комил дорем, ки ин ҳама нофаҳмиву муноқишаҳои байнисарҳадӣ барҳам дода шуда, байни давлатҳои дӯсту бародар-Тоҷикистону Қирғизистон сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтиром ҳукмфармо мешавад.
Изҳороти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ